Главная / Гуногун / СЕДОВ Георгий Яковлевич

СЕДОВ Георгий Яковлевич

СЕДОВ Георгий Яковлевич (05. 05. 1877, деҳаи Кривая Коса, ҳоло посёлкаи Седовои вилояти Донески Республикаи Советӣ Сотсиалистии Украина—05.03.1914), сайёҳи рус, тадқиқотчии Арктика. Дар оилаи моҳигир таваллуд ёфтааст. Соли 1898 мактаби барнавардии Ростови Донро хатм намуда, соҳиби рутбаи штурмани дуршино гардид. Солҳои 1902—1903 дар экспедитсияи гидрографии уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ иштирок намуд. Дар Ҷанги русу япон (1905) фармондеҳи киштии минаандоз буд. Соли 1909 ба экспедитсияе, ки резишгоҳи дарёи Колимаро меомӯхт, сардорӣ кард. Соли 1910 дар Замини Нав халиҷаки Крестовалро тадқиқ набуд. Соли 1912 лоиҳаи экспедицияи Қутби Шимолро пешниҳод намуд. Ҳукумати подшоҳӣ аз додани маблағ барои гузаронидани экспедитсия сар кашид. Аз ин рӯ экспедитсия ба маблағи хусусӣ ташкил карда шуд. 27 августи 1912 киштии «Святая Фока» аз Архангелск баромада, дар наздикии Замини Нав барои зимистонгузарони лангар андохт. Экспедитсия танҳо августи 1913 ба Замини Франс-Иосиф расид. 15 феврали 1914 Седови бемор ва ду нафар ҳамроҳи ӯ чанасавор ба сӯи Қутби Шимолӣ роҳ пеш гирифтанд. То ҷазираи Рудолф нарасида Седов вафот кард. Ӯро дар димоғаи Ауки ҳамин ҷазира дафн намуданд. Ду халиҷ ва як қулла дар Замини Нав, пирях ва як димоға дар Замини Франс-Иосиф, як ҷазира дар баҳри Баренс, як димоға дар Антарктида ва киштии яхшикани «Георгий Седов» ба шарафи Седов номида шудаанд.

Асарҳо: Путешествие в Колыму и на Новую Землю в 1909—1910 года, Париж, 1917.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …