Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕЧЕНОВ Иван Михайлович

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович

СЕЧЕНОВ Иван Михайлович (13. 08. 1829, деҳаи Тёплый Стан, ҳозира деҳаи Сеченовои вилояти Горкий—15. 11. 1905, Москва), табиатшиноси материалисти рус, асосгузори мактаби физиология ва равияи илмии табиӣ дар психология, академик фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1904; аъзо- корреспондент 1869). Омӯзишгоҳи саринженерии Петербург (1848) ва факултети тиббии Университети Москваро (1856) хатм кардааст. Солҳои 1856—1859 дар лабораторияҳои И. Мюллер, Э. Дюбуа – Реймон (Берлин), Г. Гелмголc (Гейдельберг) кор кардаасг. Соли 1860 кафедраи физиологи Академияи тиббию ҷарроҳит Петербургро ташкил намуд ва ба он роҳбарӣ кард. Мудири кафедраи Университети Новороссийск дар Одесса (1871 70), профессори кафедраи физиологияи Университети Петербург (1876—1888). Аз соли 1880 приватдосент ва аз 1891 профессори кафедраи физиологияи Москва.

Сеченов асосан дар соҳаи физиологияи системаи асаб тадқиқот бурдааст. Соли 1861 Сеченов принсипи ягонагии организм ва муҳитро маъқул дониста, ғояи худидоракунии органиҳмҳоро пешниҳод намуд. Соли 1862 ӯ фарзияро дар бораи ба фаъолияти мутаҳаррикӣ таъсир кардани марказҳои мағзи сар дар таҷриба озмуд. Маркази таламуоии боздории реаксияи рефлекторӣ «маркази сеченовӣ» ва зоҳираи (феномени) боздории марказӣ «боздории сеченовӣ» номида шуд. Ӯ муайян намуд, ки системаи марказии асаб (мағзи сар) на танҳо узву системаҳои дигарро бедор мекунад, балки фаъолияти онҳоро боздошта ҳам метавонад. Сеченов дар асараш «Рефлексҳом мағзи сар» (русӣ; 1863) ягонагии ҳодисаҳои рӯҳӣ ва физиологӣ, хусусияти рефлекторӣ доштани реаксияҳои мураккаби рӯҳиро тарғиб мекард. Ӯ мегӯяд, ки ҳашш реак- сияҳои рӯҳии одам сабаб доранд ва аз таъсири ягхш ҳодисоти берунӣ ангехта мешаванд. С еченов дар асарҳояш «Кӣ ва чӣ тавр бояд психологияро таҳия намуд» ва «Унсурҳои фикр» (русӣ; 1878) ақидаҳоя худро оид ба масъалаҳои психологияи материалистӣ баён кардааст. Ӯ кошифи нахустини ҳодисаи биоэлектрӣ дар системаи асаб мебошад. Ин кашфи Сеченов ба электрофизиологияи мағзи сар асос гузошт. Мафҳуши танзими сигналии фаъолияти асабию рӯҳиро ба илм дохил намуда, дахолати кибернетикиро ба организми зинда пешгӯӣ кард. Ӯ аввалин шуда дар Россия оид ба физиологияи меҳнат тадқиқот гузаронида, ғояи «Истироҳати фаъол»-ро пешниҳод намуд, мубодилаи газро дар хун омӯхт. Асарҳои Сеченов дар равнақи илми табиатшиносӣ ва ақидаҳои фалсафии материалистӣ роли калон бозиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …