Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКРИБИН Константин Иванович

СКРИБИН Константин Иванович

scribin

СКРИБИН Константин Иванович (7. 12. 1878, Петербург —17. 10. 1972, Москва), гелминтологи советӣ, асосгузори илми гедминтологӣ дар СССР, академики  АФ СССР (1939), ВАСХНИЛ (1935), АИТ СССР (1944), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1958). Институти ветеринарии Юрьев (Тарту)-ро хатм кардааст (1905). То соли 1911 дар Осиёи Миёна духтури ҳайвонот буд. Солҳои 1917—20 профессори Институти ветеринарии шаҳри Дон дар Новочеркасск; аз соли 1920 профессори Институти ветеринарии Москва (ҳозира Академияи ветеринарии Москва); солҳои 1921—49 мудири шӯъбаи гелминтологии Институти тропикӣ (ҳозира Институти паразитологияи тиббӣ ва тиббӣ-тропикии ба номи Е. И. Марсиновский); аз соли 1942 роҳбари лабораторияи гелминтологии АФ СССР; солҳои 1943—52 раиси Президиуми Филиали Қирғизистонии АФ СССР; солҳои 1956—61 ноиб – презнденти ВАСХНИЛ.

  Тадқиқоти Скрибин ба морфология, биология, филогения, систематика, экология ва эпидемиологияи гелминтҳо оиданд. Таҳти роҳбарии Срибин зиёда аз 300 экследитсияҳо ташкил шудааст, ки онҳо барои омӯхтани гелминтофаунаи одам, ҳайвоноти хонагию ваҳшии СССР ва коркарди чораҳои муттасили ҳифзи саломатӣ дар тиб ва ветеринария аҳамияти калон доранд. Скрибин зиёда аз 200 намуд ва 120 ҷинси нави гелминтҳоро кашф кард. Усулҳои дегелминтизатсия (маҷмӯи чораҷӯиҳо, барои муолиҷаи гелминтозҳо ва аз тухму кирминаи гелминтҳо муҳофизат кардани атроф) ва девастатсия (маҷмӯи чораҷӯиҳо барои нобуд кардани барангезандаи гелминтозҳо ва дигар бемориҳо), ки ӯ пешниҳод кардааст, воситаи асосии мубориза бо гелминтози одам, ҳайвонот ва набототи хоҷагии қишлоқ мебошад.

  Скрибин  лауреати Мукофоти давлатӣ (1942, 1950), Мукофоти ленинӣ (1957). Бо 6 ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …