Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКРЯБИН Александр Николаевич

СКРЯБИН Александр Николаевич

scriabin

СКРЯБИН Александр Николаевич (6. 1. 1872, Москва—27. 4. 1915, ҳамон ҷо), бастакор ва пианнионавози рус. Солҳои 1888—92  дар Консерваторияи Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1898—1903 профессори консерваторияи мазкур. Солҳои 1904—09 дар хориҷа зистааст. Яке аз бузургтарин намояндагони маданияти охири асри 19 ва ибтидои асри 20       Скрябин асосан барои фортеппано ва мусиқии симфоинӣ асарҳо офаридааст. Асарҳои солҳои 80—90 ӯ асосан дар доираи жанрҳои миниатюрии фортепианӣ эҷод шуда, кайфият ва ҳолати рӯҳии одамиро аз орзуҳои ширия то шавқи беандозаи ҳаяҷоновар дар бар мегирад: достонҳои симфонии «Достони ваҷду сурур» (1907) ва «Прометей» («Достони оташ», 1910), сонатаҳои 4-ум ва 5-ум (1903—1907). Дар байни асарҳои фортепиании солҳои охири эҷодиёти Скрябин ҷои марказиро сонатаҳои 6— 10-ум (1911—13) ишғол мекунад. Эҷодиёти Скрябин барои инкишофи мусиқии фортеопианӣ ва симфонии асри 20 роли муҳим бозидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …