Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОТТ Дейвид

СКОТТ Дейвид

david-scott

СКОТТ (Skott) Дейвид (таваллудаш  6. 6. 1932, Сан-Антонио, штати Техас), лётчик – кайҳоннаварди ШМА, полковники ҚҲҲ-и ШМА. Академияи ҳарбии ШМА (Уэст- Пойнт), Институти технология Моссачусет (1962), мактаби эксперименталии лётчик – санҷишгарони ҚҲҲ ва мактаби пилотҳо (барои тадкиқи аэрокайҳон) – ро хатм кардааст. Аз соли 1963 дар гурӯҳи қайҳоннавардони Управденияи миллии ШМА оид ба аэроналтика вд тадқиқи фазои кайҳон аст. 16 марти 1966 дар киштии кайҳонии «Ҷемини-8» (ҳамроҳи Н. Армстронг) ба сифати пилоти дуюм ба кайҳон парвоз кард. Парвоз 10 с 32 дақиқа давом дошт. 3—13 марти 1969 ба сифати пилоти блоки асосии киштии кайҳонии «Аполлон-9» (ҳамроҳи Ҷ. Макдивит ва Р. Швейкарт) ба кайҳон маротибаи дуюм парвоз кард. 26 июл — 7 августи 1971 ба сифати командири киштии кайҳонии «Аполлон-15» якҷоя бо Ҷ. Ирвин ва У. Уорсен ба сӯи Моҳ парвоз кард. 31 июли 1971 ҳуҷраи қамарӣ бо С ва Ҷ. Ирвин ба мавзеи сарҳадии шарқаи Баҳри Борон нишаст. Скотт дар Моҳ 66 соат 55 дақиқа буд ва дар ин муддат ба сатҳи он 3 маротиба фаромад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …