Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШУБЕРТ Франц Петер

ШУБЕРТ Франц Петер

schubert

ШУБЕРТ (Schubert) Франц Петер (31. 1. 1797, Лихтеиталь, наздики Вена—19. 11. 1828, Вена), композитори австриягӣ. Ш. аввалин намояндаи барҷастаи романтизми мусиқист. Ш. дар асарҳояш идеали дурахшони дар ҳаёт вуҷуднадоштаро васф карда, ранҷу азобиинсонеро, ки дар шароити иҷтимоии ба ӯ бегонаву душман буданд, ифода намудааст. Мусиқии Ш. бо санъати халқҳои Австрия, бо мусиқиии он зич алоқаманд аст. Дар он инчунии таъсири мусиқии маҷорӣ ва халқҳои славянӣ ҳис карда мешавад. Оҳангҳои Ш. бо вуҷуди бисьёр навовариҳояшон аз доираи анъанаҳои мактаби классикии Вена берун нарафтаанд. Дар эҷодиёти Ш. сурудҳои бо фортепиано ҷуршаванда, ки ба жанри романс наздиканд, ҷои муҳимро ишғол мекунанд. Ш. ба ашъори тахминан 100 шоир оҳанг бастааст (тақр. 600 суруд). Бисьёр асарҳои созии Ш. баъди чандин соли вафоти у бори аввал иҷро шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …