Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШЕЛЛИНГ Фридрих Вильгельм

ШЕЛЛИНГ Фридрих Вильгельм

shelling

ШЕЛЛИНГ (Schelling) Фридрих Вильгельм (27. 1, 1775, Леояберг — 20. 8. 1854, Рагац, Швейцария), файласуфи немис, намояндаи идеализми классикии немис. Проф. Ин-ти Йен (1798—1803). Дар ин ҷо бо романтикҳо (нит. Романтизм) шиносоӣ пайдо кардааст. Дар фалсафаи Шеллинг якчанд марҳала (натурфалсафа идеализми трансцендевталӣ, «фалсафаи озод», «фалсафаи кашфу шуҳуд» ва ғ.)-ро ҷудо кардан мумкин аст. Шеллинг табиатро, бар хилофи ақидаи Фихте, реалияти алоҳида тасвир намуда, қисмҳои табииро натиҷаи фаъолияти қувва (потенция) ва феъл (амал), таъсири мутақобилаи қувваҳои ба ҳам муқобил медонист. Аз ин ру, натурфалсафаи Шеллинг хосияти зиддимеханистӣ дошт. Натурфалсафаи Шеллинг қисми таркибии идеализми трансценденталии уро ташкил медиҳад. Дар он инкишофи табиат бо пайдоиши «Ман»-и бошуур хотима меёбад, ки минбаъд он такмил дода мешавад. Бинобар он у фаъолияти «Ман»-ро ба соҳаҳои назарию амалӣ тақсим мекунад. Аввалӣ аз эҳсос шуруъ шуда, ба муроқиба, тасаввур ва ниҳоят, ба дараҷаи олӣ —ақл мерасад. Дар ин маҳдила худшиносии ақли назарӣ ба вуҷуд омада, «Ман»-и амалӣ пайдо мешавад. Он дар навбати худ зинаҳоеро тай менамояд, ки нуқтаи олии фаъолияти ахлоқи маънавӣ мебошад.

Санъат шакли олии маърифати олами беруна, ягонагии фаъолияти назарию амалӣ мебошад. Усули фаҳмиши ин ягонагӣ ҳадси ақлист, ки ҳамчун айнияти объекту субъект шинохта шудааст. Ин ҳақиқати мутлақ дар таълимоти Шеллин  на рӯҳ ва на табиат, балки нуқтаи куллие (мисли нуқтаи куллии қутбҳои магнит) мебошад, ки дорои ҳаман имкониятҳост. Ба воқеият табдил ёфтани имконият пайдоиши коинот мебошад. Дигар хел карда гуем, ҳақиқати мутлақ ба мисли коинотро тасвир кардани рассом онро меофарад. Байни онҳо айният вуҷуд дорад, ки ин нуқта таълимоти Шеллингро ба афкори пантеизми немис (Экхарт) наздик мекунад.

Пайдоиши оламро Шеллинг амри иррационалӣ медонад ва онро асоси муайяянашавандаи худо ва манбаи шар мепиндорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …