Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКАПОЛИТ

СКАПОЛИТ

skapoliti

СКАПОЛИТ (аз юнонӣ Scapos — тана, қаламча, сутун ва Lithos—санг), як гурӯҳ минералҳоро гӯянд, ки ба синфи силикатҳо мансуб буда, аз қатори изоморфӣ иборатанд. Дар системаи тетрагоналӣ кристалл мебандад, кристаллҳои қаламчашакл ё агрегатҳои яклухти донадор ҳосил мекунад; бо кристаллҳои призмашакли худ аз шпатҳои даштӣ тафовут дорад. Сахтиаш 5—6; зичиаш 2500—2780 кг/м3. Рангаш сафед, зард, кабуд, гулобӣ. Шишаҷило. Скаполит дар ҷинсҳои метаморфии аз калсий бой (мармар, хшейс, гранулит, варақсангҳои сабз), скарнҳо ва ҷинсҳои кӯҳии магмавии асосӣ вомехӯрад. Скаполитро ҳамчун санги резакорӣ истифода мебаранд. Дар просесси фарсоиш аз Скаполит каолин ба вуҷуд меояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …