Маълумоти охирин
Главная / Илм / Сайёраи Нептун

Сайёраи Нептун

Нептун, сайёраи ҳаштум (аз рӯи масофа то Офтоб) ва нисбатан кало­ни    систсмаи Офтоб; аломати астрономиаш ё худ. Ба чашми оддӣ намоён нест. Аз Офтоб ба ҳисоби миёна дар масофаи 30,06 в. а. (4500 млн км) воқеъ аст. Экстсентриситети мадори Нептун 0,0086 буда, ҳамвории мадораш ба ҳамвории эклиптика ба андозаи 1°46,4′ моил аст. Нептун бо суръати миёнаи 5,4 км/сон ҳаракат кар­да, дар давоми 164,79 сол як маротиба атрофи Офтобро пурра давр ме- занад. Диаметри Нептун ба 49500 км (аз диаметри Замин 3,88 маротиба калон), массааш ба 1,03 1028 кг (17,28 массаи Замин) ва зичии миёнааш ба 1,84 г/см3 баробар аст. Суръати дуюми кайҳонӣ (ниг. Суръатҳои кайҳонӣ) дар сатҳи сайёра ба 23 км/сон баробар аст.

Даври гардиши Нептун дар атрофи меҳвари худ 15,8 соат буда, ҳамвории экватори он бо ҳамвори мадораш кунҷи 29°-ро ташкил ме- диҳад. Нептун ду радиф дорад: Тритон (соли 1846 астрономи англис У. Лассел кашф кардааст, диаметраш 4000 км) ва Нереида (соли 1949 астрономи америкоӣ П. Койпер кашф кардааст, ди­аметраш 300 км). Дар атмосфераи Нептун мавҷудияти гидрогени молекулавӣ (Н2) ва метан (СН4) аниқ шудааст, аммо тахмин мекунанд, ки қисми зиёди атмосфера ва қишри сайёраро гелий (Не) ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи сатҳи Нептун ба —220° С баробар аст. Нептунро аввалин бор аст­рономи немис И. Галле (дар асоси пешгӯии назаршиявии астрономи анг­лис Ҷ. Адамс ва астрономи франсавӣ У. Левере) 23 сентябри 1846 мушоҳида кардааст. Мавқеи сайёра аз ҳисобу китоби пешакӣ ҳамагӣ 52′ фарқ мекард.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …