Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САТЯГРАҲА

САТЯГРАҲА

САТЯГРАҲА (санскрипт айнан — матонат дар роҳи ҳақиқат), шакли муборизаи зиддиимперналистиест, ки хусусияти ғайризӯрӣ дорад. Онро дар ҳаракати озодихоҳии миллии Ҳиндустон М. К. Ганди ҷорӣ карда, бори аввал дар Иттифоқи Африкаи Ҷанубӣ ҳамчун шакли мубориза бар зидди поймолкунии ҳуқуқҳои нажодии ҳиндуёни муқими он маҳал истифода бурда буд. Сатяграҳа дар ҳаракати озодихоҳии миллии ҳалқи Ҳиндустон бар зидди мустамликадорохи англис солҳои 1918—47 васеъ истифода мешуд. Ин шакли мубориза митингҳои оммавӣ, намоишҳо, қатъ гардондани кор, бойкоти муассисаҳои англисӣ ва маъмурияти мустамликадорӣ, аз адои андозҳо рӯй гардондан (ҳамчун чорабинии охирин) ва ғайрародар бар мегирифт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …