«САТУРН», як силсила мушакҳои ҳомили 2- ва 3-зинадори америкои («С.-1», «С.-16», «С.-5*)-ро гӯянд, ки солҳои 1964—1967 барои ба мадор баровардани киштиҳои кайҳонии «Аполлон», стансияи мадории «Скайлэб» ва баъзе радифони маснӯи Замин сохта шудаанд. Программаи коркарди чунин мушакҳоро низ «Сатурн» меноманд. Бо сӯзишвории моеъ кор мекунад. Массаи стартии Сатурн то 3000 тонна, массаи бори муфиде, ки ба мадори наздизаминӣ бароварда мешавад қариб 1.45 тонна аст.