Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТТОРОВ Эшбек

САТТОРОВ Эшбек

САТТОРОВ Эшбек (1907. деҳаи Янгиариқи Тирмиз, Республикаи Советии Сотсиалистии Ғзбекистон—22. 6. 1975, Совети қишлоқи Нури Вахши райони Колхозобод, вилояти Қӯрғонтеппа), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Аълочии маорифи халқи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1960), Аълочии нигаҳдории тандурустии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1961),Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1947. Солҳои 1930—1935 колхозчии колхози «Коммунист»-и райони Тирмиз, 1935—1936 хонандаи курси бухгалтерӣ, 1930—1941 сарҳисобчӣ, 1941 —1974 раиси колхози «Янгиобод»-и райони Колхозобод буд. Сатторов дар инкишофи соҳаи пахтакории район саҳми сазовор гузоштааст. Бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …