Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТТОРОВ Абдунабӣ

САТТОРОВ Абдунабӣ

САТТОРОВ Абдунабӣ (таваллуд 27. 2. 1941, деҳаи Варзикандаи райони Панҷакент), мунаққид ва адабиётшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1965). Аз оилаи деҳқон. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1963). Солҳои 1964—1967 аспиранти Университети Давлатии Тоҷикистон, 1967—1969 мудири шӯъбаи танқиди адабии журнали «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1969 муаллим (1984—85 мудири кафедраи адабиётн классикин тоҷик)-и Университети Давлатии Тоҷикистон.
Сатторов шеършинос аст. Диққати ӯро назария ва амалияи шеъри гузашта ва имрӯзаи форс-тоҷик ҷалб намудааст. Баробари тадқиқи афкори адабию эстетикӣ ва танқиди танқид аз хусуси шеъри Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Б. Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, шоири афғон Сулаймои Лоиқ ва дигар сухан рондааст. Муҳимтарин асарҳои Сатторов дар маҷмӯаи «Нуқтаи пайванд» (Душанбе, 1982) гирд омадаанд. Монографияи «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ» (Душанбе, 1975) низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Сатторов дар асарҳояш адабиёти бадеӣ ва илмиро дар ваҳдати ғоявию бадеӣ ва ҳамбастагии тамоми унсурҳои зотию– аслиашон омӯхта, ба тозагии қолаби баён ва воситаҳои тадқиқ диққати махсус медиҳад. Дар таълифоти Сатторов баҳсу мунозираҳо зиёд ба миён гузошта шуда, барои фаъол кардани афкори танқидӣ ва тақвияти ҷустуҷӯҳои эҷодӣ аҳамият доранд. Мақолаҳои ӯ «Нуқсу камоли танқид» (1969) ва «Шеър ва зиндагӣ» (1975) боиси мубоҳисаҳои дома- надоре шуда буданд. Сатторов мақолаҳои обзорӣ, портретҳои адабию илмӣ ва тақризҳои зиёде навиштааст. Солҳои охир ба омӯзиши муаммои алоқаҳои адабӣ ва илмӣ, матншиносӣ ва масъалаҳои насри муосир пардохтааст. Аз соли 1980 узви Иттифоқи Нависандагони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР.
Адабиёт: Писатели Таджикистана, Душанбе, 1981. Ос,: Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ, Душанбе, 1975; Нуқтаи пай- ванд, Душанбе. 1982.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …