Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТТОРОВ Абдуғаффор

САТТОРОВ Абдуғаффор

САТТОРОВ Абдуғаффор (таваллуд 1904, Хуҷанд—10. 2. 1972, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957). Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1956). Солҳои 1931—1945 колхозчӣ, аз соли 1946 сардори бригадаи пахтако- рии колхози «Тоҷикистон»-и райони Хуҷанд. Солҳои 1956—57 бри- гадаи Сатторов ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Солҳои 1965— 1966 дар бригадаи Сатторов сардорӣ мекард, аввалин мактаби таҷрибавӣ ташкил шуд. Депутати Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (даъватҳои 5—6). Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …