Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТТОРХОН Ҳоҷиҳасан

САТТОРХОН Ҳоҷиҳасан

САТТОРХОН Ҳоҷиҳасан (1867, деҳаи Мискорон—17. 11. 1914, Теҳрон), ходими Револютсияи Эрон (1905—11), қаҳрамони миллии Эрон, муборизи фаъоли зидди истибдоди феодалию империалистӣ. Аз оилаи савдогар. Фаъолияти револютсионии худро дар дастаи партизании шаҳри Табрез сар карда, пас аз чанде яке аз сарварони он гардид. Сатторхон ханӯз дар оғози Револютсияи Эрон (1905—11) ба дастаи партизанҳо сардорӣ мекард ва дар шӯриши Табрез (1908—1909) сарфармондеҳи дастаи фидоиёни халқӣ буд. Халқ ба ӯ унвони фахрии «Сардори милли»-ро дод. Сатторхон ҳамчун ташкилотчӣ ва роҳбари ҳарбӣ дар байни оммаи халқ шӯҳрат ёфтааст.
Адабиёт: Б е л о в а Н. К.. Саттархан и другие деятели Тебризского восстания 1908 —1909 годов., «Краткие сообщения Института народов Азии», 1963, Москва №73. Т. Муҳиддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …