Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САТРАПИЯ

САТРАПИЯ

САТРАПИЯ, сатрапӣ, музофоти ҳарбию маъмурии давлатҳои Ҳахоманишиён, Селевкиён, Порт ва Сосониёнро гӯянд, ки онро сатрапҳо идора мекарданд. Ба Сатрапия сипаҳсолорон низ таъин мешуданд. Дорои I дар катибаҳои Бесутун (кӯҳе дар назди Кирмоншоҳ) ва Нақши Рустам рӯйхати пурраи Сатрапияро зикр карда аст. Дар территорияи Осиёи Миёна ва Қазоқистони ҳозира ҳам Сатрапияҳои алоҳида вуҷуд доштаанд. Ҳар як Сатрапия ба микдори муайян андоз медод. Аксарияти Сатрапияҳо қонун, урфу одат, забони худро доштанд.
Адабиёт: Г е р о д о т, История в девяти книгах, Москва—Ленинград, 1972; И в а н о в М. С., Очерк истории Ирана, Москва, 1952; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …