Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САТПАЕВ Қалиш Имонтоевич

САТПАЕВ Қалиш Имонтоевич

САТПАЕВ Қалиш Имонтоевич (11. 4. 1899, ҳозира вилояти Павлодар,— 31. 1. 1964, Москва, қабраш дар Олмаато). Геологи советӣ, академики Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1946, аъзо-корреспондент 1943), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.{1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза аз соли 1944. Баъди хатми Институти технологии Томск (1926) дар трести металлҳои рангаи Отбасар кор кард. Солҳои 1929—1940 саргеологи трести Карсакпай буд ва дар айни замон дар кони маъдани миси Ҷезқозған тадқиқот гузаронд. Солҳои 1941—1964 директори Институти илмҳои геологияи Филиали, қазоқистонии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (аз соли 1946 Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон), аз соли 1942 раиси Президиумп Филиали қазоқистонии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР; Президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон (1946—1952 ва 1955—1964). Асарҳои ӯ асосаи ба геологияи конҳои маъдан ва манобеи минералҳони Қазоқистон, аз ҷумла коркарди қоидаҳои тартибдиҳии харитаҳои ҳаракдиҳандаи сарватҳои зеризаминӣ оиданд. Пирях, қулла дар қаторкӯҳи Олатови Ҷунгар ва минерали нав — сатпаевит номи ӯро гирифтааид. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (даъватҳои 2, 3,. 5 ва 6). Ва- кили съездҳои 20—22-юми Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1958) ва Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1942). Бо 4 ордени Ленин, ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2) ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асос: Избразительное тр. том 1—5, Алма-Ата, 1967 —1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …