Маълумоти охирин
Главная / Илм / САТҲИ МУВОЗИН дар геодезия

САТҲИ МУВОЗИН дар геодезия

САТҲИ МУВОЗИН (аз арабӣ — бо чизе ҳамвазн будан) дар геодезия, сатҳест, ки дар ҳамаи нуқтаҳояш потенсиали қувваи вазнинӣ як хел бузургӣ дорад. Самти нормал ба Сатҳи мувозин ба самти қувваи вазнинӣ, яъне хати шоқулӣ, мувофиқ меояд. Сатҳи моеъи дар мувозинатбуда мисоли Сатҳи мувозин мебошад. Сатҳи мувозини майдони ҷозибаи Заминро, ки ба савияи миёнаи оби уқёнусҳо рост меояд, геоид меноманд ва ба сифати сатҳи математикии Замин (ё савияи о б и б а ҳ р, ки нисбат ба он баландии нуқтаҳои сатҳи Заминро чен мекунанд) қабул мекунапд. Шакли Сатҳи мувозин басо мураккаб буда аз сохти дохилии Замин вобастагӣ дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …