Маълумоти охирин
Главная / Илм / САТҲИ ДАВРЗАНӢ

САТҲИ ДАВРЗАНӢ

САТҲИ ДАВРЗАНӢ, сатҳест, ки дар натиҷаи дар атрофи меҳвари беҳаракат давр задани ягон хати каҷ (ташкилкунанда) ҳосил мешавад. Нуқтаҳои хати каҷи ташкилкунанда (т) ҳангоми даврзанӣ давраҳоеро ҳосил мекунанд, ки параллелҳои сатҳ ном доранд (расм).
Параллели калонтаринро экватор (а) ва хурдтаринро гарданаи Сатҳ меноманд. Буриши сатҳ бо ҳамворие, ки аз тири он мегузарад, меридиан (тх) ном дорад. Ҳамаи меридианҳои сатҳ байни худ бароба- ранд.
Вобаста ба шакл ва вазъияти меҳвари даврзанӣ сатҳҳои гуногуни даврзанӣ ҳосил мешаванд: силиндр, конус, сфера, параболоиди даврзанӣ, гиперболоиди даврзанӣ, эллипсоиди даврзанӣ, тор (ҳалқа) ва ғайра.
Т. Ҷӯраев, В. Ю. Наврӯзов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …