Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САСАКҲО

САСАКҲО

САСАКҲО, халқест дар Индонезия, дар қисми марказӣ ва шарқии ҷазираи Ломбок.. Шумораашон зиёда аз 1,4 миллион нафар. (1978). Ба яке аз забонҳои индонезӣ гап мезананд. Диндорон— қисман мусулмон, як қисм пайрави ҳиндуия. Машғулияти асосиашон деҳқонӣ (шоливу пахтакорӣ), ҳунармандӣ низ тараққӣ кардааст. Сасакҳо асрҳои 15—17 тобеи роҷаҳои ҷазираи Сумбава ва аз миёнаҳои асри 17 то миёнаи асри 19 тобеи роҷаҳои ҷазираи Бали буданд ва аз тамаддуни Бали ғизои маънавӣ гирифтаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …