Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРЯН Мартирос Сергеевич

САРЯН Мартирос Сергеевич

САРЯН Мартирос Сергеевич (28. 2. 1880, Нахҷувони Дон, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Ростови Дон,—5. 5. 1972, Ереван), рассоми советӣ, Рассоми Халқии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1960), аъзои ҳа- қиқии Академияи Рассомии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1947), аъзои Ҳақиқии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1956), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965). Раиси Иттифоқи рассомони Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (1947—51). Дар Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Москва (1897— 1904) таҳсил намуда, солҳои 1902—1904 дар коргоҳи рассомон В. А. Серов ва К. А. Коровин кор кардааст. Дар эҷодиёти солҳои 1900-уми Сарян («Автопортрет», темпера, 1902, Нигористони Третяков) ва дар асарҳои ҳангоми сафари Туркия, Миср ва Эрон эҷодкардааш (1910—1918) обуранги декора- тивӣ бартарӣ дорад («Дарахти хурмо», темпера; 1911, ҳамон ҷо) Баъди Револютсияи Октябр мавзӯи асосии эҷодиёти Сарянро ҳаёт ва табиати Арманистон ташкил медиҳад. Аз солҳои 20 асосан тавассути рангҳои равғани асар эҷод мекард («Арманистон», 1923, Нигористони мусаввараҳо, Ереван), Ҳангоми дар Париж будани рассом (1926 —28) эҷодиёташ аз таъсири импрессионизм канор намонд. Дар портрет- ҳои солҳои 30-и Сарян тасвири ҳолато ботинии персонажҳо мавқеи намоён дорад («Р. Н. Симонов», 1939, Музеи санъати халқҳои Шарқ, Москва; «А. Исаакян», 1940, «Автопортрет бо палитра», 1942, ҳар ду дар Нигористони мусаввараҳо, Ереван). Дар эҷодиёти солҳои 1940—1960-и Сарян манзаранигорӣ мавқеи махсус пайдо кард. Манзараҳои офаридаи Сарян зиндагӣ ва меҳнати озоди халқро тасвир кардаанд (силсилаи аз 7 мусаввара иборати «Ватани ман», аз ҷумла, «Колхози деҳаи Каринҷ дар кӯҳистони Туманян»,.1952, Нигористони мусаввараҳо, Ереван, Мукофоти ленинӣ, 1961). Сарян инчунин, мусаввиру графики китоб («Афсонаҳои халқии арманӣ», 1933 ва ғайра) ва рассоми театр (декорасия ва костюм ба операи «Алмаст»-и А. А. Спендиаров, 1938—39, Ереван; Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, 1941 ва ғайра). Эҷодиёти Сарян дар ташаккули мактаби рассомии миллии Арманистони Советӣ ро- ли муҳим бозид. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (даъватҳои 2—4). Бо 3 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва ме- далҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …