Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРВИҲО

САРВИҲО

САРВИҲО, як оилаи бутта ё дарахтони ҳамешасабзи- сӯзанбаргро гӯянд. Сарвиҳо аз 10 то 70 метр қад мекашанд. Диаметри танаашон аз 20 сантиметр то 6 метр мерасад. Сарвиҳо барги пулакчамоланд (0,5—3 миллиметр) ё сӯзаншакл (1—3 сантиметр), ҷалғӯзаи чӯбӣ ё «руҷуммева» (масалан, арча) доранд. Сарвиҳо 19 ҷинс ва 130 (мувофиқи маълумоти дигар 145) намудро дар бар мегиранд; дар ҳар дуи нимкураи замин мерӯянд.

v-krymu-na-yaltinskoy-trasse-goryat-kiparisy_foto-iz-intereneta_1_2014-07-30-11-54-42
Сарвиҳо растаниҳои ороишианд. Дар боғу хиёбонҳо сарв, арча, савр ва дигарро мепарваранд. Дар Тоҷикистон аз Сарвиҳо 4 намуди арча ва 1 намуди савр мерӯяд. Сарвиҳо растаниҳои қадима буда, таърихи геологии онҳо аз давраи юра (200— 180 миллион сол пеш) сар мешавад.
Адабиёт: Деревья и кустарники Союза Советских Социалистических Республик СССР, том 1, Москва—Ленинград, 1949; Жизнь растений, том 4, Москва, (978. Д. Исмоилов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …