Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «САРВИ ОЗОД»

«САРВИ ОЗОД»

«САРВИ ОЗОД» , асари шоир, донишанд ва тазкиранависи фор- сизабони Ҳиндустон Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ (1705—1785). Номи дигараш «Маосир-ул-киром». Ин китоб аз се фасл иборат буда, таърихи муфассали шаҳри Балгиром, шарҳи зиндагӣ ва фаъолияти намояндагони машҳури дину мазҳаб ва илму адаби Ҳиндустонро дар бар мегирад, «Сарви озод» дар бораи 130 нафар шоирони форсизабон ва 9 нафар сухансароёни урдузабони асри 18 Ҳиндустон маълумоти мухтасар медиҳад. Дар «Сарви озод» бисёр масъалаҳои ҳаёти адабӣ ва муносибати адибони ин мамлакат бо намояндагони илму адаби Эрону Хуросон ва Осиёи Миёна низ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …