Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САРВАТҲОИ ТАБИӢ

САРВАТҲОИ ТАБИӢ

САРВАТҲОИ ТАБИӢ, ашёи хоми минералӣ, «маҷмӯи мине- ралҳои табииеро гӯянд, ки дар рӯй ё зери замин дар натиҷаи про- сессҳои гуногуни геологӣ-пайдо шуда, аз ҷиҳати миқдор, сифат, таркиби химиявӣ, хосияти физикӣ ва шароити ҷойгиршавии худ дар хоҷагии халқ ба кор меоянд. Сарватҳои табиӣ аз конунҳои гуногун иборатанд. Конҳои Сарватҳои заминӣ вобаста ба шароити пайдоиш ба серияҳо (конҳои седиментогенӣ, магматогенӣ ва метаморфогенӣ), серияҳо дар навбати худ ба гурӯҳҳо, синфҳо ва зерсинфҳо ҷудо мешаванд.
Конҳои седиментогении Сарватҳои заминӣ дар рӯи замин ва зонаҳои ба он наздик аз таъсири энергияи берунии Замин дар натиҷаи дифференсиасияи химиявӣ, биохимиявӣ ва механикии моддаҳои минералӣ ташаккул меёбанд. Ин конҳо асосан аз конҳои фарсоиш, конҳои пошхӯрда ва конҳои таҳшинӣ иборатанд.
Конҳои магматогении Сарватҳои заминӣ ҳангоми ба сифати манбаи энергияи зеризаминӣ пайдо шудани магма ва аз таъсири он рӯй додани дифференсиасияи геохимиявии моддаҳои минералӣ ба вуҷуд меоянд. Ин гуна конҳо 5 гурӯҳи асосиро, дар бар мегиранд: конҳои магмавӣ, конҳои пегматитӣ, конҳои карбонатӣ, конҳои скарнӣ ва конҳои гидротермалӣ.

zamin
Конҳои метаморфогении Сарватҳои заминӣ дар просесси метаморфизми регионалӣ ва маҳдуди ҷинсҳои кӯҳӣ пайдо мешаванд.
Аз ҷиҳати синни геологӣ конҳои Сарватҳои заминиро ба синни археӣ, протерозой, рифей, палеозой, мезозой ва кайнозой ҷудо мекунанд. Вобаста ба макони шаклгирии худ конҳои Сарватҳои заминӣ геосинклиналӣ (ноҳияҳои чиндор) ва платформагӣ мешаванд. Аз рӯи чуқуриашон конҳои Сарватҳои заминиро ба конҳои ултраабиссалӣ (зиёда аз 10—15 километр), абиссалӣ (аз 3—5 то 10^—15 километр), гипабиссалӣ (аз 1,5 километр то 3—5 километр) ва конҳои ба рӯи замин наздик (1—1,5 километр) ҷудо мекунанд.
Сарватҳои заминӣ ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: металлӣ, ғайриметаллӣ ва сӯзанда.
Сарватҳои заминии металлӣ аз металлҳои холис, маъдани металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, инчунин маъдани элементҳои нодирзамин иборатанд.
Ба гурӯҳи Сарватҳои заминии ғайриметаллӣ ашёи хоми кӯҳии химиявӣ (намакҳои гуногун, гипс, барит, сулфур, фосфорит, апатит), ашёҳои оташбардор, электротехникӣ, пьезооптикӣ, гармию садоногузар ва ба кислотаю ишқор тобовар, масолеҳи бинокорӣ, сангҳои қиматбаҳо, резакорӣ ва техникӣ дохил мешаванд. Ба гурӯҳи Сарватҳои заминии с ӯ з а н д а нефт, гази сӯзанда, ангиштсанг ва ангишти бӯр, торф, варақсангҳои сӯзанда мансубанд.
Аз рӯи ҳолати физикиашон Сарватҳои заминӣ с а х т (ангишт, маъдан ва Сарватҳои заминии ғайримаъдан), моеъ (нефт, обҳои минералӣ) ва газмонанд (газҳои табиии сӯзанда ва инертӣ) меша- ванд.
М а н о б е и (ресурсҳои) м и н е р а л ӣ маҷмӯи Сарватҳои заминии давлатҳо, қитъаҳо ё ки тамоми ҷаҳон буда, барои тараққиёти муҳимтарии соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ (энергетика, металлургияи сиёҳ ва ранга, саноати химия, сохтмон) заминаи асосӣ аст. Манобеи минералиро аз ҷиҳати истифодаи саноатӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд: а) манобеи сузишворӣ ва энергетикӣ (нефт, гази табиӣ, ангиштсанг, варақсангҳои сӯзанда, торф, маъдани уран); б) манобеи маъдан, ки асоси ашёи хоми металлургияи сиёҳ ва ранга мебошад (маъданҳои оҳан ва манган, хромит, боксит, маъданҳои мис, сурбу руҳ, никел, волфрам, молибден, қалъагӣ, сурма, маъдани металлҳои асил ва ғайра); в) ашёи хоми химияи кӯҳӣ (фосфорит, апатит, намакҳои ош, калий ва магний, сулфур ва пайвастҳои он, бор, бром ва маҳлулҳои йоддор); г) масолеҳи бинокории табиӣ ва гурӯҳи калони Сарватҳои заминии ғайримаъдан, инчунин сангҳои резакорӣ, техники ва қиматбаҳо (мармар, гранит, яшм, ақиқ, булӯри кӯҳӣ, беҷода, корунд, алмос ва ғайра); д) манобеи гидроминералӣ (обҳои зеризаминии ши- рин ва минералӣ).
Ба гурӯҳҳо ҷудо кардани манобеи минералӣ шартӣ аст, зеро баъзе Сарватҳои заминӣ якбора дар якчанд соҳаҳои саноат кор фармуда мешаванд (масалан, нефт ва газ на танҳо сӯзишвории арзон, балки барои саноати химия муҳимтарин ашёи хоми технологӣ мебо- шанд).
Миқдори ашёҳои хоми минералиро захираҳои Сарватҳои заминӣ меноманд. Ин захираҳо дар асоси маълумоти иктишофи геологӣ муайян карда мешаванд. Захираҳои Сарватҳои заминиро ба ҳисоби метр3 (масалан, газҳои сӯзанда, масолеҳи бинокорӣ), тонна (масалан, нефт, ангишт, маъдан) ва қирот (масалан, алмос ва дигар сангҳои қиматбаҳо) чен мекунанд. Ба миқдори манобеи минералӣ дар асоси захираҳои муайян ва иктишофшудаи Сарватҳои заминӣ баҳо медиҳанд.
Мамлакатҳои сотсиалистӣ, махсусан Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР, дорои манобеи калони минералианд.
Иттифоқи Советӣ аз рӯи захираҳои иктишофшуда ва истиҳроҷи ангишт, маъдани оҳан ва манган, намаки калий, захираҳои торф ва асбест дар ҷаҳон ҷои 1-ум, исшихроҷи гази табиию асбест ҷои 2-юм, аз ҷиҳати захира, истихроҷ ва истеҳсоли бисёр металлҳои ранга, нуриҳои фосфатдор, хромит ва ғайра низ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.
Дар натиҷаи тараққиёти истеҳсолоти саноатии аксар мамлакатҳо талабот ба манобеи минералӣ хеле афзудааст. Истеҳсолоти саноати кӯҳии ҷаҳон ҳар сол 4—8% меафзояд.
Сарватҳои минералии зеризаминӣ аз нав барқарор намешаванд. Бинобар ин самарабахштар ва ба таври комплексӣ истифода бурдани ашёи хоми минералӣ, аз ҷумла дар вақти истихроҷ ва коркарди он, ба талафшавӣ роҳ надодан яке аз вазифаҳои муҳим аст. Ҳангоми коркарди комплексии маъдан танҳо бо истихроҷи компонентҳои асосӣ маҳдуд шудан лозим нест. Чунончӣ, аз бисёр маъданҳои оҳан кобалт, никел, титан, ванадий, фосфор ва дигар элементҳои қиматбаҳо гирифтан мумкин аст. Қариб тамоми элементҳои нодирзамин ва парокандае, ки барои техникаи нав заруранд, дар табиат конҳои мустақил надоранд ва онҳоро танҳо ҳангоми коркарди комплексии маъдани металлҳои ранга ҳосил кардан мумкин аст. Истифодаи гази сӯзандаи нефт, инчунин сулфур ва гелий, ки дар таркиби гази табиии бисёр конҳо ёфт мешаванд, аҳамияти муҳими иқтисодӣ доранд. Обҳои уқёнуси Олам ва намакобҳои зеризаминӣ захираи муҳими ашёи хоми минералианд.
Адабиёт: Татаринов П. М., Условия образования месторождений рудных и нерудных полезных ископаемых, 2 издание, Москва, 1963; С м и р н о в В. И., Геологип полезных ископаемых, 2 издание, Москва, 1969; М и р л и н Г. А., Минеральные богатства Союза Советских Социалистических Республик СССР, «Плановое хозяйство», 1972, № 11.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …