Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРВАРӢ

САРВАРӢ

САРВАРӢ, яке аз василаҳои муттаҳидакунандаи фаъолияти гурӯҳ. Сарварӣ шакли махсуси муносибат дар гурӯҳ ё ташкилот мебошад. Омӯзиши Сарварӣ дар сотсиология ва психологияи иҷ- тимоии буржуазӣ ба таҳияи методҳои Сарварии самарабахш ва интихоби сарварон нигаронда шудааст.
Асоси методологии омӯзиши илмии Сарварӣ материализми диалектикӣ ва таърихӣ мебошад. Сарварӣ ҳамчун просесси мураккаби таъсири тарафайни одамони гурӯҳҳои иҷтимоӣ зуҳур меёбад. Ду навъ Сарварӣ мушоҳида карда мешавад;

stratifikaciai-ijtimoi

Сарварие, ки бар зӯрӣ ва якка- сардорӣ асос ёфтааст, Сарварии демократӣ, ки ба иштироки аъзоёни гурӯҳ дар муайян намудани мақсад ва идоракунии фаъолияти гурӯҳ имконият медиҳад.
Проблемаҳои Сарвариро илмҳои гуногун меомӯзанд. Психология ва психиатрия хусусиятҳои шахсияти сарваронро тадқиқ мекунанд. Сотсиология ба Сарварӣ аз нуқтаи назари системаи иҷти- моӣ баҳо медиҳад.
Проблемаи Сарварии сиёсӣ аҳамияти махсус дорад. Сарварии сиёсӣ дар муборизаи синфӣ ба вуҷуд меояд. Ҳар як давраи тараққиёти ҷамъиятӣ, ҳар як синф усулҳои ташаккул, тарбия, пешбарии сарварон ва ташкили Сарварии худро дорад. Ҳаракати коммунистӣ дар рафти тараққии худ принсипи сентрализми демократиро пешбарӣ кард. Дар ҷамъияти сотсиалистӣ роли идоракунии илмӣ ва муташаккилӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷамъият меафзояд ва вобаста ба ин омӯзиши проблемаҳои сотсиологӣ ва иҷтимоию психологии Сарварӣ аҳамияти калон пайдо мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …