Маълумоти охирин
Главная / Илм / САРВӢ

САРВӢ

САРВӢ навъи хатест, ки дар асрҳои 16—19 дар Хуросону Моваро- уннаҳр паҳн гашта, бештар дар гулпартои ва нақшбандии қолинҳо ис- тифода мешуд. Хати Сарвӣ инчунин барои навиштани мактубҳои махфӣ, ки аз якчанд калима иборат буданд, истифода мешуд. Азбаски шакли он ба шохаҳои дарахти сӯзанбарг (сарв) шабеҳ аст, ин навъи хат Сарвӣ ном гирифтааст. Аломати шартии ҳар як ҳарф шакли ба худ хос дошта, он ба хати вертикалие, ки ав ду тараф шохаҳо дорад, асос ёфтааст (нигаред, ба расм). Тарзи ифода кардану хондани ҳарфҳо мувофиқи принсипи ҷонгиршавии онҳо аз рӯй ҳуруфи абҷад муайян карда мешуд.
Э. Оқилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …