Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРТР Жан Пол

САРТР Жан Пол

САРТР Жан Пол (21. 6. 1905, Париж—1980), нависандаи франсавӣ, файласуф ва публисист, сарвари экзистенсиализми франсавӣ. Соли 1929 Мактаби олии нормалиро хатм намуда, дар литсейҳо аз фалсафа дарс мехонд. Афкори фалсафии у зиддиятнок ва эклектикӣ буда, дар он ғояҳои Кьеркегор, Гуссерл ва 3. Фрейд бо таври хоса омезиш меёбанд. Сартр прогрессивӣ будани фалсафаи марксистиро эътироф карда, барои марксизмро бо антропологияи экзистенсиалӣ ва тақлили психикӣ «пурра» намудан мекӯшид. Сартр принсипҳои объективӣ ва меъёри ахлоқ ва сабабияти объективии рафтори одамиро инкор мекунад. Ҳар як инсон «маҷбур аст худаш барои худ қонун ихтироъ кунад», «тарҳи худро кашад», «ахлоқи шахсии худро интихоб намояд». Дар китоби «Танқиди хиради диалектикӣ» (1960) Сартр қӯшиш намудааст, ки субъективӣ будани таълимоти худро бартараф намуда, назарияи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тараққиёти таърихиро ба вуҷуд орад, аммо аҳамияти ҳалкунандаи омилҳои объективии иқтисодӣ ва иҷтимоиро дуруст нафаҳмида, мақоми фаъолияти фардии одам ва мантиқи онро ба дараҷаи мутлақ мебардорад ва таҳлили иҷтимоию таърихиро бо таҳлили аптропологӣ иваз мекунад. Фаъолияти адабии .. бо ақоиди фалсафиаш зич алоқаманд мебошапд. С,артр иштирокчии ҳаракати Муқобилат буда, нуқсонҳои ҳаёти капиталистиро сахт танқид мекард ва баҳри пойдории сулҳ ва дсмократия мубориза мебурд.

Солҳои охири ҳаёташ Сартр ба ҳаракати ултрареволютсионӣ манъ намуда, ӯояҳои маоистӣ ва ревизиониро тарафдорӣ мекард. Асарҳои асосии Сартр «Тасаввурот» (1936), «Тасаввуршаванда» (1940), «Ҳастӣ ва фано» (1913) «Экзпстенсиализм — ин гуманизм» (1946), «Вазъиятҳо», 6 ҷилд (1947 -1964).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …