Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРРОФХОНА

САРРОФХОНА

САРРОФХОНА, дӯкон ё муассисаест, ки ба майда кардан ва савдои пул машғул буда, пули маҳаллиро ба пули хориҷӣ ва пули хориҷиро ба пули маҳаллӣ иваз мекунад. Саррофхона дар Юнони Қадим, Рими Қадим ва дигар мамлакатҳо маълум буд. Дар асрҳои миёна Саррофхона дар бисёр шаҳрҳои Европа низ вуҷуд дошт.

sarrof

Парокандагии пулбарорӣ аз тарафи феодалҳо сикказании пули шахсӣ ва вайрон шудани танга боиси зуд-зуд иваз кардани пул (алалхусус ҳангоми ба бозори хориҷа рафтани савдогарӣ мегардид. Майда ва иваз кард пул боиси авҷи судхурӣ шуд и муассисаҳои саррофӣ капитали зиёде ғун карда, ба банкирҳо баддал мешуданд ва ба феодал ҳунармандону савдогарон кредит доданд. Дар давраи андӯхти савдоии капитал саррофӣ ва суст авҷ гирифта, ҷараёни барқароршавии муносибатҳои капиталистиро тезонд. Баробари гузариш аз (феодализм ба капитализм Саррофхонаро банк кард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …