Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРОЯН Уилям

САРОЯН Уилям

САРОЯН Уилям (31. 8. 1908, Фресмо, Каллфорния —18. 5. 1981; мувофиқи васияташ хокистари ӯро дар боғи Комитаси шаҳри Ереван дафн карданд), нависандаи америкоӣ. Аз оилаи арманҳои муҳоҷир. Аз соли 1960 дар Европа зиндагӣ кардааст. Маҷмӯаи аввалинаш «Ҷавон- (марди дорбоз» (1934). Сипас маҷмӯахои дигари Сароян— «Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ» (1936), «Бачаҳо» (1937), «Номи ман Арам» (1940), «Роги Ваграм» (1951), «Ҳама дунё ва афлок» (1956) ва ғайра нашр шуданд, Аз охири солҳои 30 песаҳои Сароян — «Дили ман дар кӯҳсорон» (1939), «Солҳои беҳтарини ҳаёти шумо» (1939; мукофоти ба номи Пулисер), «Одамони ғор» (1939), «Бигзар, мӯйсафед» (1944) ва ғайра дар саҳнаи театрҳо намоиш дода меша- ванд. Муаллифи романҳои «Мазҳакаи инсон» (1943), «Саргузашти Весли Ҷексон» (1946). Дар асарҳои «Модар, туро дӯст медорам» (1956), «Ту девона шудаӣ, падар» (1957), «Духтарон ва писарон» (1963) конфликтҳои психологӣ дар оилаи зиёиёи мавриди муҳокимаву таҳкиқ қарор гирифтааст. Солҳои 60—70 Сароян очеркҳои тарҷумаи- ҳолӣ, хотираҳо ва мақолаҳои публисистӣ эҷод кардааст. Дар эҷодиёти Сароян зиндагии америкоиёни оддӣ, арманҳои камбағал, ки солҳои кӯдакиашро дар байни онҳо гузаронида буд, тасвир гардидааст Эҷодйёти Сароян рӯҳи демократӣ дорад. Дар асарҳои ӯ унсурҳои сентиментализм, юмори нозук, тасвири зиндаи лавҳаҳои зиндагӣ ва хаёлоти бадеии барҷаста ба назар мерасад.
Основание: 60 миль в час. Рассказы, Москва. 1958; Что-то смешное. Серьезная повесть, «Литературная Армения». 1963, № 5—8; Путь вашей жизни. Пьёсы. Москва:, 1966.
Адабиёт: Г о н ч а р Н. Точность детали и правда образа. «Литературная Армения». 1973. № 9.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …