Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРОМОС

САРОМОС

САРОМОС, с у р х б о д, ҳ у м р а, бемории сироятиест иборат аз газаки пӯст, рагҳои лимфавии пӯст ва пардаҳои луобӣ. Одам дар натиҷаи аз пӯсти захмдор ба бадан дохил шудани стрептококкҳои хунобкунанда сироят меёбад. Ҳангоми заиф шудани бадани одам (вайрон шудани мубодилаи моддаҳо, хунукхӯрӣ, гуруснамонӣ, бемориҳои музмини пӯст ва ғайра) бактерияҳо аз рагҳои лимфагу- зари пуст ва рагҳои лимфагард гузашта паҳн мешаванд.

ssss

Дар сурати пайдо шудани Саромос дар бофтаҳои узви бемор варамҳои пур аз зардоб ба вуҷуд омада, хун дар капиллярҳо аз ҳаракат мемонад. (Саромоси эритемавӣ ё ҳ у м о м ӣ). Дар натиҷаи бисёр ҷамъ шудани обият рӯи пӯст кӯчида обила пайдо мешавад (Саромоси о б и л а- нок). Дар сурати Саромоси дабиланок баъзе қисмҳои обиланоки пӯст мадда мекунанд; дар мавриди аз кор мондани бофтаҳо Саромоси мавотӣ инкишоф меёбад. То 40—41Селсия баланд шудани ҳарорат, ларза, сустӣ, қайкунӣ, дарди сар аломатҳои асосии Саромос мебошанд. Аломатҳои зоҳирин Саромос (варам, обила, сурхшавии пӯст) аксар вақт дар чеҳра ва пойҳо падид омада, пӯстро лаввас мекунонад, ғаддудҳои лимфавии ҳамшафат калон ва дарднок мегарданд. Саромос 1—2 ҳафта давом мекунад. Саромос бемории аксар вақт такрорёбанда буда чун дабила (флегмона), уфунат (сепсис), думмал (абссесс), газаки суддаовари венаҳо (тромбофлебит), боду ғу- бор боқӣ мемонад. Дар як ҷой бисёр такрорёбии Саромос боиси лимфостаз (рукуди лимфа) мегардад.
М у о л и ҷ а: антибиотикҳо, препаратҳои сулфаниламидӣ, витаминҳо, омилҳои физиотерапевтӣ. П е ш г и р ӣ: пешакӣ ва пурра безараргардонии захмҳои пӯст.
Адабиёт: Гальперин Э. А., Рыскинд Р. Р., Рожа. Москва, 1966; К а р т е е в А. II., [ва дигар), Рожа, Кемерово, 1977.
X. Қамардинов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …