Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРМОЗАНИИ РАСТАНӢ

САРМОЗАНИИ РАСТАНӢ

rastani

САРМОЗАНИИ РАСТАНӢ, нобуд шудани растани ё узвҳои он дар натиҷаи ях бастани бофтаҳо. Об дар ҳарорати пасттар аз —1*Селсия дар ҳуҷайраҳои растанӣ ва байни ҳуҷайраҳо ях мекунад, ях сохти дарунии ҳуҷайраҳоро вайрон намуда, онҳоро нобуд месозад. Об дар байни ҳуҷайра ва дар протоплазма ях мебандад. Вобаста ба намуд, навъ ва ҳолати физиологи Сармозании растанӣ аз миқдори гуногуни яхи ҳуҷайраҳо ба амал меояд. Картошка, помидор, лӯбиё, бодиринг, пахта дар хунукии —2°Селсия нобуд мешаванд. Растаниҳои хунукзада, вале нобуднашуда, дар натиҷаи ниҳоят тез об шудани ях нобуд шуда метавонанд; ҳангоми суст об шудан бошад, ҳуҷайраҳои ҳанӯз зиндаи ин растаниҳо обро тадриҷаи ҷаббида, зинда мемонанд.
Хусусан себ, нок ва пиёзи яхкарда аз тез об шудан зарар мебинанд. Бо роҳи баланд бардоштани дараҷаи сармобардории растанӣ, обутоби растанӣ бо Сармозании растанӣ мубориза мебаранд. Барои ҳифзи дарахтони мевадор аз сармозанӣ баъзе тадбирҳои махсус (дудиҳӣ, пӯшишҳои гуногун ва ғайра) истифода мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …