Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРМАТҲО

САРМАТҲО

САРМАТҲО (аз лотинӣ 8агта1ае), номи муштараки қабилаҳои эронизабон, ки асри 3 то милод—асри 4 милод дар биёбонҳои аз дарёи Тобол дар Шарқ то дарёи Дунай дар Ғарб маскун буданд. Таърихи ибтидои Сарматҳо бо савроматҳо вобастааст. Хоҷагии Сарматҳо асосан аз чорводорӣ иборат буд. Сарматҳои бо аҳолии муқимии деҳқон ҳамроҳшуда бо зироат низ машғул буданд. Дар байни Сарматҳо таназзули сохти авлодӣ ва ташаккули синфҳо оғоз ёфта, ашрофони бои авлодию қабилавӣ, пешвоёни ҳарбӣ ва дастаҳои ҷанговарони онҳо пайдо шуданд.

1533653687_pamyatnik-kobanskoy-kulturyi2ust

Интишори Сарматҳо ва ҳаракати онҳо ба Ғарб дар натиҷаи ба даст даровардани чарогоҳҳои нав, кӯшиши ба шаҳрҳо ва районҳои зироатӣ ба мақсади савдо ва ғоратгарӣ наздик шудан ба амал меомад. Аз асрҳои 3—2 то милод як қисми Сарматҳо дар ҳамвориҳои назди Кавказ маскан гирифта, қисми дигарашон дар биёбонҳои шимоли назди баҳри Сиёҳ давлати Сарматияро ташкил карданд. Дар поёноби дарёи Дон ва дар назди Кубан Сарматҳо бо меотхо омехта шуданд. Дар охири асри 2 то милод дар мубориза бо подшоҳии Понт иттифоқчии скифҳо буданд. Дар ҷангҳои дохилии давлати Босфор иштирок карда, вориди шаҳрҳои он мешуданд. Дар асри 1 то милод иттифоқчии подшоҳии Понт дар мубориза ба муқобили Рим буданд. Гурӯҳи шарқии Сарматҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна, хусусан бо Хоразм алоқаманд буд. Аз асри 1 милож ба Закавказия юришҳо ташкил намуда, ба соҳилҳои дарёи Дунай омаданд ва дар назди сарҳади империяи Рим сокин шуданд. Дар асрҳои аввали милод дар байни Сарматҳо аланҳо пурзӯр гаштанд. Дар асри 3 милод ҳокимияти Сарматҳоро дар қисми шимолии Назди баҳри Сиёҳ готҳо зарба заданд ва асри 4 онҳоро гуннҳо торумор кардаид. Як қисми Сарматҳо бо готҳо ва гуниҳо дар муҳоҷирати азими халқҳо иштирок намуданд. Дастаҳои алоҳидаи Сарматҳо ба Испания рафта, ба Африкаи Шимолӣ гузаштанд. Гурӯҳҳои Сарматҳо, ки дар Ҷануби мамлакати мо монда буданд, дар аввалҳои асрҳои миёна бо дигар халқҳо, аксаран бо славянҳо, бо халқи қисми шимолии Кавказ ва қабилаҳои туркизабон омехта шуданд.
Адабиёт: Смирнов К. Ф. Савроматы. Ранняя история и культура сарматов, Москва, 1964. ‘

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …