Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРКОМА

САРКОМА

САРКОМА (аз юнонӣ загкоч — гӯшт ва оша — суффикси номи омосҳо), омоси бадасл (хабис, хавфнок)-ест, ки дар бофтаҳои пайвасткунанда ба вуҷуд меояд. Саркома ду хел мешавад: 1) Саркомае, ки аз бофтаҳои пайвасткунандаи ҷанинӣ (мезенхима) пайдо мешавад — мезенхимома; 2) Саркомае, ки аз бофтаҳои мезенхимии болиғ падид меояд — Саркомаи устухонӣ (остеосаркома), тағояки (х о н д- росаркома), рагӣ (ангиосаркома), хунофар (ретикулосаркома), мушакӣ (лейомиосаркома, рабдомиосаркома) ва ҷузъҳои такягоҳии асабия (глиосаркома).

sarkoma-kozhi-1

Саркома қариб 10%-и ҳамаи омосҳои бадаслро ташкил дода, дар баъзе мамлакатҳои Африка ва Осиё нисбатан бештар паҳн шудааст. Дар байни Саркома аз ҳама зиёдтар омоси ус- тухон, баъд омоси бофтаҳои нарм (мушак, рагҳо, асаб) ва аз ҳама кам Саркомаи узвҳои хунофар мушоҳида мешавад. Аз рӯи хусусиятҳои гистоморфологӣ низ Саркомаро ба якчанд намуд ҷудо мекунанд: Саркомаи мудавварҳуҷайра, Саркомаи ҳуҷайрааш гуногуншакл,Саркомаи хуҷайрааш дукмонанд (ҳамаашон аз рӯи андозаи ҳуҷайра фарқ мекунанд) ва фибросаркомаҳо (дар ин намуди Саркома ҷузъҳои нахмонанд нисбат ба ҷузъҳои ҳуҷайравӣ бартарӣ доранд). Хусусияти ҳамаи омосҳои бадасл дар бофтаҳои атроф сабзида онҳоро нобуд кардан аст. Ин хусусият дар Саркома равшантар зоҳир мегардад.
Принсип ва усулҳои ташхис, пешгирӣ ва табобати Саркома ба монанди дигар омосҳои бадасл мебошад. Нигаред, низ Онкология, Омосҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …