Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРКИСЯН Фадей Тачатович

САРКИСЯН Фадей Тачатович

САРКИСЯН Фадей Тачатович (таваллуд 18. 9. 1923, Ереван), ходими давлатии советӣ, доктори илмҳои техникӣ (1975), академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон (аз 1977; аъзо-корреспондент аз 1971), генерал-майори қӯшунҳои инженерӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1945. Академияи ҳарби Байрақи Сурхдори алоқаи ба номи Саркисян М. Будёнийро (1946) хатм намудааст. Соли 1946—1963 дар Вазорати мудофиаи Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кард. Солҳои 1963— 77 саринженер, баъд директори Институти тадқиқоти илмии мошинҳои ма- тематикии Ереван.
Аз январи 1977 инҷониб Раиси Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон. Солҳои 1971—1976 номзад ба аъ- зои ва аз соли 1976 аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Арманистон, аз 1977 аъзои Бюрои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Арманистон. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (даъватҳои 10—11). Саркисян муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1971). Бо ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …