Главная / Гуногун / САРИХОНОВ Нурмурод

САРИХОНОВ Нурмурод

САРИХОНОВ Нурмурод (1906, деҳаи Кӯктеппа, ҳозира райони Баҳор-ордени Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон— дар фронт 4. 5. 1944. дар назди деҳаи Делакеу, ҳозира райони Новоанени Республикаи Советии Сотсиалистии Молдавия ҳалок гаштааст), нависандаи советии туркман. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1921—26 ходими редаксияи газетаи «Туркманистон». Соли 1929 муҳаррири газетаи «Яш коммунист» («Коммунисти ҷавон»). Аз охири соли 1929 то 1937 журналисти ҳарбӣ. Солҳои 1937—1941 дар газетаҳо ва журнали «Совет эдебияти» («Адабиёти советӣ») кор кардааст. Сарихонов аз аввали солҳои 30 ба эҷоди ҳикояҳо шурӯъ кард. Вале ӯ бештар бо асарҳои солҳои 1938—1939 офаридааш — «Хонаи сафед», «Кулбаи охирин», «Орзу», «Ишқ», «Китоб» ва повести хурди «Шукурбахшӣ» (1941) шӯҳрат пайдо намуд. Солҳои ҷанг ҳикояҳои «Қисмат», «Модар» ва повести Сарихонов «Ба рӯшноӣ расидагон» нашр шудаанд. Сарихонов асосгузори жанри новелла дар адабиёти туркман. Мавзӯи асосии эҷодиёташ воқеияти сотсиалистӣ ва дигаргуниҳои ҳаёти халқи туркман мебошад. Дар осори Сарихонов эҳтироми баланд доштанаш нисбат ба мероси ма- дании гузаштаи халқ ҳис карда мешавад. Сарихонов аз анъанаҳои эҷодиёти халқ ва санъати новелланависии муосир моҳирона истифода кардааст. Дар эҷодиёти Сарихонов таъсири осори намояндагони адабиёти классикии рус — Лев Николаевич Толстой, Максим Горкий. махсусан Антон Павлович Чехов ба назар мерасад. Ҳикояи Сарихонов «Китоб» ба тоҷикӣ тарҷума шудааст.
Основание: Последняя кибитка, Москва. 1961; Повести и рассказы, Ашхабад. 1967.
Адабиёт: Кулиева Г. А., Нурмурат Сарыханов — новеллист, Ашхабад, 1967.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …