Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид (1640, Кашмир 1714, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аҷдоди Сархуш аз Бадахшон буда, ӯ дар хурдсолӣ ҳамроҳи падараш ба Сарҳинд рафтааст. Таҳсили шоир он ҷо гузаштааст ва ӯ бо Носиралии Сарҳиндӣ дӯсту ҳамсабақ будааст. Сархуш аз 8-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Чанде дар хидмати дарбор буда, вале соли 1697 аз хидмат даст кашидааст ва дар Деҳли гӯшанишиниро пеша кардааст. Ҳангоми дар дарбор буданаш қасидаҳои мадҳӣ навиштааст.
Сархуш таълифоти манзуму мансурн зиёде доштааст (маснавиҳои «Нуран ало нур», «Ҳусн ва ишқ», «Соқинома», «Қазо ва қадар», «Дар баъзе хусусиятҳои Ҳиндустон», «Ҷангномаи Муҳаммад Аъзамшоҳ» ва асарҳои мансури «Ҷӯшу хурӯш», дебочаи рисолаи «Равоеҳ»—дар пайравии «Равоеҳ»-и Ҷомӣ ва ғайра), ки нусхае аз онҳо то замони мо нарасидааст. Девони ашъоре, ки адабиётшиносоии ҳиндӣ ба ӯ нисбат медиҳанд, дар воқеъ девони ашъори Мирзо Яҳъё- хони Сархуш аст, ки аз аҳли Эрон буда, дар аҳди Музаффаруддини Қоҷор умр ба сар мебурд ва девонаш соли 1906 дар Калкатта ба табъ расида буд. Аз асарҳои Сархуш танҳо тазкираи «Калимот-уш-шуаро» то ба мо расидааст, ки соли 1942 дар Лоҳур ва соли 1951 дар Мадрас ба табъ расидааст. А. Ғаффоров

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …