Маълумоти охирин

САРХОНА

САРХОНА, қисми аввали суруд, ки ба андозаи як байти матни суруд иҷро мешавад. Баъзан сархат низ мегӯянд. Сархона дар «Шашмақом» мавқеъ дорад. Пас аз Сархона дар сурудҳои ҳар як мақом миёнхона (миёнхат) меояд, ки онро даромади авҷ низ мегӯянд. Байтҳои дигарро хат меноманд. Нигаред, Хат. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …