Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРХАСШАКЛҲО

САРХАСШАКЛҲО

САРХАСШАКЛҲО, сарахсшаклҳо (Р1епйорЬу1п), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки гайр аз ушнаҳо тамоми растаниҳои дараҷаи олии ботухм (сархасҳо, чилбандҳо, плаунҳо, селагинеллаҳо, псилотиҳо ва бисёр гурӯҳҳои растании мурдарафта)-ро дар бар мегиранд.

007

Дар Тоҷикистон аз гурӯҳҳои номбурдаи Сархасшаклҳо фақат баъзе намудҳои сархас ва чилбанд (чилбугум) месабзанд. Одатан дар сояи буттаву дарахтон, зери харсангҳо, кафидаи шахсор, ҷойҳои серрутубат, канори ҷую рӯдҳо ва обанборҳо мерӯянд. Сархасшаклҳо дар Тоҷикистон аҳамияти фитосенологӣ надоранд.
Адабиёт: Тахтаджян Л. Л., Высшие растения (от псилофитовых до хвойных), Москва—Ленинград, 1959. Л. С. Рябкова.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …