САРХАС

САРХАС, сарахс (ГШс1пае), як гурӯҳи растаниҳои дараҷаи олист, ки қадимтарии ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар дунё 300 ҷинсу 10 ҳазор намуди Сархас боқӣ мондааст. Онҳо дар шароити хеле гуногун (биёбон, кӯлу ботлоқзор, кӯҳсор ва дигар) мерӯянд. Дар Тоҷикистон 21 намуди Сархас маълум буда, ба 4 оила тааллуқ дорад: моракиҳо,сарахсҳои ҳақиқӣ, марсиллҳо, салвиниҳо. Махсусан сохти м о р а к и ҳ о содда буда, саромадони онҳо сарахсҳои давраи палеозой мебошанд.

007

Ба моракиҳо ҷинсҳои ОрЫо£1оззиш бо 2 намуд (0. уи1£аЬит. 0. ЬисЬапсит) ва Во1гусЫит бо як намуд (В. 1ша-па) тааллуқ доранд. Дар тӯғанзор, марғзори серрутубат ва буттаву арчазорҳо месабзанд. Сарахсҳои ҳақиқӣ 17 намудро дар бар мегиранд. Барги онҳо хеле гуногуншакл (яклухт, паршакл ва ғайра) мешавад. Дар пушти барги онҳо сорусҳо ҷойгиранд. Дар сорусҳо спорангий ин-кишоф меёбад. Дар ҳар як спорангий 32 е 64-то спора (ҳог) ҳосил мегардад. Ин спораҳо ба навниҳолҳо мубаддал мешаванд. Сархасҳои ҳақиқӣ бештар дар нишебиҳо, тарқиши шах, соҳили кулу дарёҳо, дар сояи харсанг ва буттаву дарахтон мерӯянд. Марсилиҳо ва салвиниҳо Сархасҳои обианд. Дар Тоҷикистон 2 намуди Сархасҳои обӣ (МагзИеа циайгИаИа ва 8аЫп1а па1апз) мерӯянд. Онҳо асосан дар кӯлҳо, ботлоқзор, шолизор месабзанд. Ин ду намуди Сархасродар аквариум низ мепарваранд.
Сархасро барои табобати бемориҳо истифода мебаранд. Бо барги сунбул-каҳ ё «мӯи Бибифотима» — А(Иап1ит сарШиз уепепз иллати меъдаву рӯда, захм ва дигарҳоро табобат меку-нанд. Баъзе намудҳои Азр1еп1ит-ро давои балғамовар меҳисобанд. Решаи Сархас ё килдору (Бгуор1ег1з 1Шх-таз)-ро дар амалияи тибби муосир чун доруи киҷҷарон тавсия меди-ҳанд.

Адабиёт: Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 1, Папоротникообразные—Злаки, Москва—Ленинград, 1957; Дадобаева О., Словарь научных и местных названий лекарственных растений Северного Таджикистана. Душанбе„ 1972; Жизнь растений, том 4, Мхл, плауны. хвощи, папоротники, голосеменные растения, Москва, 1978. Л. С. Рябкова.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАҲО

САФЕДАҲО, протеинҳо, моддаҳои органикии калонмолекулаи табииеро гӯинд, ки аз аминокислотаҳо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …