Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРГИНҒЕЛОНҲО

САРГИНҒЕЛОНҲО

САРГИНҒЕЛОНҲО, саргинхӯракҳо, як гурӯҳ гамбусакҳоеро гӯ- янд, ки ба оилаи лавҳачамӯйлабҳо мансубанд. Якчанд зерсиларо дар бар мегиранд. Андозаашон 3—70 миллиметр; рангашон бур ё сиёҳ, баъзан ҷилои металлӣ дорад. Аксари кирминаю гамбускҳои болиғи ин гурӯҳ саргин, баъзеашон ҷасади ҳайвоноти мурдаро мехӯранд, баъзеи дигарашон бошанд, растанихӯранд. Саргинғелонҳои модина дар саргини ҳайвонҳои ширхӯр тухм мегузоранд. Бо ин мақсад аксари онҳо тӯдаи ахлоти дар рӯи замин бударо истифода мебаранд; қисми дигарашон бошанд саргинро ғелонда ба монанди нок ё тухм кулӯла мекунанд (номашон аз ҳамин ҷост) ва онро ба зери хок мегӯронанд. Баъд ба тарафи бориктари он як дона тухм мегузоранд. Аз тухм кирмина пайдо мешавад ва баъди 3 маротиба тулак кардан ба зоча табдил меёбад. Баъзе намудҳои Саргинғелонҳо насли худро то баромадани гамбускҳои ҷавон посбонӣ мекунанд. Саргинғелонҳо соле 1—2 маротиба насл медиҳанд. Дар дунё зиёда аз 6000 намуди Саргинғелонҳо маълум буда, бисёрии онҳо дар Мамлакатҳои тропикӣ паҳн шудаанд; дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР 450 намудашон дида мешавад. Дар Тоҷикистон якчанд намуди Саргинғелонҳо, аз ҷумла Сор- Т18 Ызрапиз, ОпНосеНиз раШрез. О. !и1уиз, ВсагаЬаеиз засег (нигаред, расм) ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Саргинғелонҳо дар табиат чун санитар (наҷосатро ба зери хок мегӯронанд) аҳамият доранд. М. Нарзиқулов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …