Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб

САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб

САРФИИ КАШМИРӢ Шайх Яъқуб (1521, Сринагари Кашмир —1594), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар назди падараш Шайх Ҳасани Осимӣ да уламои машҳури давр таҳсил кардааст. Баъд ба мамлакатҳои зиёд мусофират намуда, бо бузургони илму адаб, пешвоёни дину тариқат вохӯрдааст. Ӯро яке аз уламои машҳури замони худ, халифаи Шайх Ҳусайни Хоразмӣ (вафоташ 1549) медонанд. Бино ба маълумоти маъхазҳо Сарфии Кашмирӣ аз синии 7-солагӣ шеър гуфтааст ва падараш дар ин кор мададгори ӯ будааст. Сарфии Кашмирӣ асарҳои зиёди бадеӣ ва илмию динӣ дорад, ки чанде аз онҳо то ба мо расидаанд. «Хамса» («Панҷ ганҷ»)-и Сарфии Кашмирӣ аз маснавиҳои «Маслак-ул-ахёр» (дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ), «Вомиқу Азро», «Лайливу Маҷнун», «Мағози-ун-набӣ» ва «Мақомоти пир» иборат аст. Асарҳои дигари Сарфии Кашмирӣ девони ғазалиёт ва қасоид, маҷмӯаи рубоиёт, рисолаҳо ва муаммиёт, асарҳои ирфонии «Маносики ҳаҷ» шарҳҳо, ҳошияҳо, тафсири Қуръон (нотамом) ва ғайра мебошанд.

Адабиёт: С т о р и Ч, А., Персидская литература. Био-библиографический обзор, часть 1, Москва., 1972; Асадуллаев С.. «Лайли и Маджнун» в фарсиязычной литературе (Библиографический обзор), Душанбе, 1 981. С. Асадуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …