Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРДОРОВ Қарохон

САРДОРОВ Қарохон

САРДОРОВ Қарохон (1905, деҳаи Мурзабеки райони Хатаби Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон. —1956, райони Ленин), яке аз иштирокчиёни фаъоли муборизаи барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза аз соли 1930. Солҳои 1919 мардикорӣ мекард. Солҳои 1923—дар қисми разведкаи корпуси 13-уми Армияи Сурх хизмат мекард. Дар торумор сохтани дастаҳои босмачиён дар водии Вахш саҳм гузошт. Солҳои 1925—1931 аскар, милисионери калон, ёрдамчии командири отряди 2-юми фидоиён дар Кӯктош. Солҳои 1931—1932 мудири идораи ғаллатайёркунин райони Кӯктош, 1933—1940 сардори шӯъбаи милисияи райони Кӯктош. Соли 1940 директори заводи асппарварии райони Қӯктош, ҷонишини комиссари халқии саноати хӯроквории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1941—1946 раиси Комиҷроияи районҳои Ёвон ва Роҳатӣ.
Бо ордени Ситораи Сурх, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2),медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Соли 1956 по- сёлкаи Кӯктош ба номи Сардоров Қарохон монда шуд. Ҳ. Дӯстов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …