Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САРБАНД

САРБАНД

САРБАНД, дарғот, иншооти гидротехникиест, ки барои баланд кардани сатҳи об дар маҷрои оби равон (дарё, канал ва ғайра) сохта мешавад. Сарбандро бо мақсадҳои истифодаи энергияи об, беҳтар намудани киштигардӣ, обёрӣ ва ғайра месозанд. Масалан, дар Тоҷикистон Сарбандҳои, Канали Калони Ҳисор, дарёи Хонақо, обанборҳои Мӯъминобод ва Селбур ба мақсадҳои ирригасия, Сарбанди обанборҳои Каттасой ва Даҳанасой ба мақсадҳои обёриву пешгирии обхезиҳо, Сарбанди Гидро Электро Стансияҳои Норак, Сарбанд, Қайроққум бошад, ба мақсадҳои энергетикию ир- ригасионӣ сохта шудаанд. . Сарбанд иншооти асосии гидроузел мебошад.

sarband
Сохтмони Сарбандҳо аз қадим маъмул буд. Кофтуковҳои археологӣ нишои медиҳанд, ки дар Миср 4000 сол пеш аз милод, дар Ҳиндустон 1000 сол пеш аз милод, дар Голландия аввалҳои милод . Сарбанд ва оббандҳо (дамбаҳо) месохтанд. Маълумоти мавҷуда дар бораи аввалин Сарбандҳои дар Россия соҳташуда ба асри 13 мансубанд. Дар асри 17 Сарбандҳои хокиву чӯбии баландиашон 6—7 метр сохта, қувваи фишори ҳосил кардаи онҳоро барои ба кор андохтани мошинҳои корхонаҳои саноати коғаз, ордкашӣ, моҳутбарорӣ ва металлургӣ истифода мебурданд. Дар нимаи дуюми асри 19 фишори ҳосилкардаи Сарбандҳоро барои истеҳсоли энер- гияи электр истифода мебурдагӣ шуданд. Истифодаи бетон ва оҳанубетон, инкишофн мошинсозӣ ва механиконии корҳои сохтмон имкон доданд, ки маҷрои дарёҳои калонтарин низ баста шавад. Дар ин давра Сарбандҳое сохта шуданд, ки беш аз 200 метр баландӣ доштанд. Дар давраи советӣ сохтмони Сарбандҳо асосан баъди қа- бул шудани плаии ГОЭЛРО ривоҷ ёфт. То соли 1941 даҳҳо . Сарбандҳои азим сохта шуданд ( Сарбанди Гидро Электро Стансияҳои Волхов, Днепр ва ғайра). Солҳои баъди ҷанг сохтмони Сарбандҳои гуногун авҷ гирифт (Сарбанди Гидро Электро Стансияҳои Куйбышев, Волгоград, Горкий ва ғайра). . Сарбандҳои калонтарини замони ҳозира Сарбанди Гидро Электро Стансияҳои Красноярск, Братск (Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия), Тӯхтагул (Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон), Чорбоғ (Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), Норак ва Роғун (Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон) ва ғайра ме- бошанд.
Дар Тоҷикистон сохтмони Сарбандҳо таърихи чандинасра дорад. Барои обёрии заминҳои корам Сарбандҳои хурд- хурд аз замонҳои қадим сохта мешуданд. Солҳои охир аз худ намуданп захираҳои энергетикии дарёҳои Тоҷикистон вусъат ёфта истодааст. Калонтарин Сарбанде, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст, Сарбанди Гидро Электро Стансияи Норак мебошад, ки беш аа 300 метр баландӣ дорад. Алҳол сохтмони Сарбанди Гидро Электро Стансияи Роғун давом дорад, ки баландии лоиҳавии он 335 метр мебошад. Аз. Сарбандҳои дар хориҷа сохташуда Сарбанди бисёрравоқаи Бартлетт (87 метр, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, 1939), Сарбанди хоку сангии Миборо (131 метр, Япония, 1961), Сарбанди бетонии гравитасионии Гранд-Диксанс (284 метр, Швейсария, 1961) ва ғайра қобили қайданд.
Сарбандро аз масолеҳи гуногун: хок, санг, хоку санг, бетон, оҳанубетон ва чӯб месозанд. Вобаста ба таъинот Сарбанди обанбор ва Сарбанди оббарор (фақат барои баланд кардани сатҳи бьефи боло) мавҷуданд. Аз рӯи фишори ҳосилшавандаи об Сарбандҳоро шартан ба пастфишор (баландиаш то 10 метр), мӯътадилфишор (аз 10 то 40 метр) ва баландфишор (беш аз 40 метр) ҷудо мекунанд. Вобаста ба таъинот дар таркиби гидроузел чунин навъҳои Сарбандҳо мавҷуданд: м а ҳ к а м (обногузар), ки фақат роҳи обро мебандад; о б г у з а р, ки барои шорида гузаштани оби зиёдатӣ таҷҳизот дорад; стансионӣ, ки барои гузарондани об сӯрохҳои махсус ва барои чарх занондани турбинаҳои Гидро Электро Стансия обравҳо дорад. Ҳангоми сохтмо- ни Сарбанд навъ ва конструксияи онро вобаста ба таъинот, шароити табиии маҳал, хусусиятҳои гидрологии дарё, навъи масолеҳи асосии бинокорӣ ва ғайра интихоб мекунанд.
Сарбанди х о к ӣ қадимтарии ва маъмултарини навъи Сарбанд мебошад. Онро одатан қисман ё пурра аз хоки намногир месозанд. Сарбанди хокӣ ба навъи Сарбандҳои маҳкам мансуб буда, аз болои теғаи он об намегузарад. Хоки намногире, ки ба нишеби болои Сарбанд хобонда мешавад, экран ҳосил мекунад, дар ин ҳол дар қисми мобайн м а ғ з и Сарбанд ҳосил мешавад. Ин аз хоки намгир ё масолеҳи сангӣ сохтани қисми боқимондаи Сарбандро имконпазир мегардонад (Сарбанди хоку сангии Гидро Электро Стансияи Норак аз ҳамин қабил аст, расми 1). Дар қисми поёни Сарбанд барои дур кардани обҳои аз танаи Сарбанд заҳанда д р е н а ж месозанд. Ба нишеби болои Сарбанд барои ҳимоя аэ таъсири мавҷҳои об плитаҳои бетонӣ мехобонанд ё санг мерезанд. Вобаста ба усули хобондани хок Сарбандҳои хокиро бо тарзи шибба кардани хоки хушк ва шусташаванда равондан (лойқаро қабат ба қабат мехобонанд, об заҳира мераваду хок таҳшин ва зич шуда мемонад) месозанд.
Сарбанди с а н г ӣ бо роҳи ба маҷрои об хобоидани қабатҳои ғафси санг, шағал, сангреза сохта мешавад. Мағзи ин Сарбанд ё ҷузъи марказии обногузари он (диафрагма)-ро аз оҳанубетон, асфалт, чӯб, металл, масолеҳи полимерӣ тайёр мекунанд. Агар аз хоки асоси Сарбанд об заҳида гузарад, ба рӯи он қабати п о н у р (лой, битум, торф, оҳанубетон) мехобонанд, ки заҳиши обро кам мекунад. Барои гузарондани оби зиёдатӣ дар ин Сарбандҳо обравҳои махсус месозанд.
Сарбандҳои баланди бетонӣ ва оҳанубетонӣ дар замони ҳозира дар ҳамаи мамлакатҳо сохта мешаванд.
11 и навъи Сарбандҳоро аз рӯи конструксия ва шароити корашон ба се гурӯҳ: гравитатсионӣ, равоқшакл ва тиргакдор ҷудо мекунанд. Дар Сарбанди гравитатсионӣ таъсири қувваҳои теладиҳандаи уфуқӣ (фишори об, ях ва ғайра)-ро вазни хусусии Сарбанд қабул мекунад. Сарбанди гравитатсиониро ҳам маҳкам ва ҳам обгузар месозанд. Сарбандҳои азим аз бетони зич (обногузар), мустаҳкам ва бақодор сохта мешаванд. Баландии Сарбандҳои бетонии замонавӣ беш аз 200 метр мебошад. Масалан, баландии Сарбанди Боулдер-Дам дар дарёи Колорадо (Штатҳои Муттаҳидаи Америка) ба 222 метр мерасад. Сарбандҳои равоқшакл таъсири қувваҳои уфуқиро асосан ба соҳилҳо мегузаронанд. Шарти асосин сохтани Сарбандҳои равоқшакл дар пояи Сарбанд ва махсусан дар соҳилҳо мавҷуд будани девораҳои яклухти кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Нисбати вусъати дара бар баландии Сарбанд аз 3—3,5 ва бояд зиёд бошад. Мисоли Сарбандҳои равоқшакл дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР СарбандиГидро Электро Стансияҳо ГЭС-и Ингури -(Республикаи Советии Сотсиалистии Гурҷистон) мебошад, ки 410 метр баландӣ дорад. Дар Сарбандҳои тиргакдор таъсири фишори обро девораҳои фи- шорбардор (контрфорсҳо) ба пояи Сарбанд мегузаронанд. Барои сохтани ин навъи Сарбандҳо дар рӯи асос плитаи таҳкурсӣ мехобонанд. Сарбанди тиргакдорро аз бетон, оҳанубетон, баъзан аз чӯб ва металл ё маҳкам ё обгузар месозанд. Дар амалияи сохтмони гпдротехникӣ бештар Сарбанди бетонии пастфишори обгузар маъмул шудааст (расми 2).
Сарбандҳои чӯбии пастфишорро асосан дар маҳалҳои серҷангал месозанд, ки бештар обгузар мебошанд. Дар ин Сарбандҳо таъсири қувваи фишори обро асосан конструксияҳои чӯбӣ қабул мекунанд. Барои гузароодани обҳои зиёдатӣ ё дар мавриди зарурӣ сар додани оби бьефи боло Сарбандҳо бо таҷҳизоти махсуси обпарто ва затворҳо ҷиҳозонида мешаванд. Сохтмони Сарбандҳои дар давраи ҳозира бо роҳи зиёд кардани баландӣ пеш меравад. Роҳҳои арзон кардани арзи- ши аслии сохтмони Сарбандҳо ҷустуҷӯ карда мешаванд. Нигаред, низ Шлюз, Силсилаи стансияҳои электрии обӣ.
Адабиёт: Г р и ш и н М. М.. Гидротехнические сооружения, Москва, 1968; Стариков В. А., Д ж у р а е в С. И., Сборник, Народно- хозяйственное значение Нурекской Гидро Электро Станции ГЭС, Душанбе, 1964. С. Ҷӯраев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …