Маълумоти охирин

САРБАЙТ

САРБАЙТ, байти аввал ва оғози сурудро гӯянд. Сарбайт як ё ду ва гоҳо чаҳор мисраъ мешавад. Онро дар маҳалҳо саровоз, сарнақш, сармандоғ ва шероза ҳам мегӯянд. Сарбайт бо нақарот робитаи қавӣ дошта, ба суруд тартиб, низом ва тантана мебахшад. Сарбайтро одатан сарбайтхон месарояд, ки бояд овози хуб дошта бошад. Дар сурудҳое, ки коллективона иҷро мешаванд (сурудҳои маросими тӯй, сурудҳои меҳнатии «Ман доғ» ва умуман сурудҳои нақаротдор) сарбайтхон иштирок мекунад.

sher

Масалан, дар тӯи арӯсӣ сарбайтхон Сарбайтро мегӯяд, ҳофизони дигар «Ёр-ёр», «Ҳай, ёр-ёр», «Шаҳ муборак бод» барин нақароти тантанавиро баробар такрор мекунанд. Вобаста ба завқи сарояндагии сарбайтхон оҳанги суруд зуд-зуд тағйир меёбад, мисраъҳо ба қисмҳо ҷудо мешаванд ва суруд шаклу тобиши махсус мегирад. Сарбайтхонро саргӯянда, сармандоғгӯй ва бардоранда низ мегӯянд.
Адабиёт: А м о в о в Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб, Душанбе, 1963; 3 е ҳ н и е в а Ф. Сурудҳои маросими тӯи то- ҷикон. Душанбе, 1979. Ф. Зеҳниева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …