Маълумоти охирин

САРАЗМ

САРАЗМ, димнаи шаҳри асри биринҷӣ (ҳазоран 4—2 то милод), ки 15 километр ғарбтар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод воқеъ аст. Масоҳаташ 90 гектар. Соли 1976 бостоншиноси тоҷик А. Исҳоқов кашф намуд ва аз 1978 таҳти роҳ-барии ӯ отряди археологии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон тадқиқ мекунад. То ҳол 4 бино ва 10 хандақи Саразм ошкор шудааст. Масоҳати бинои аввал 180 метр2 буда, аз 7 хона иборат аст. Девори бино аз хишти хом сохта шудааст. Бинои дуюм 500 метр2 масоҳат дошта, 48 хонаро дар бар мегирад. Девораш похсагист. Масоҳати бинои сеюм 350 метр2 буда, 13 хона дорад.

sarazm-6

Девораш аз хишти хом. Бинои сеюм барои омӯзиши таърихи санъ- ати меъмории тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Тарафҳои баробар, масоҳати якхела, рӯ ба рӯй ҷой гирифтани даромадгоҳҳо, се долони ба ҳам монанд шаҳодат медиҳанд, ки он аз рӯи плани махсус сохта шудааст. Хонаҳои иқоматӣ мураббаъ ва росткунҷа (6—12 метр2), бари даромадгоҳҳо хурд (50—75 сантиметр). Фарши хонаҳо ба андозаи 75—95 сантиметр оташдони мудаввар дорад, гирдашро деворча гириф- аст, ки ғафсиаш 8—12 сантиметр, баландиаш 9—10 сантиметр. Оташдонро баъзан дар болои суфача (баландиаш 15—20 сантиметр) месохтанд. Долону даромадгоҳҳо аз хонаҳо ба ҳавлӣ мебаранд. Деворҳои бино 35—75 сантиметр ғафсӣ доштаанд, ки осори онҳо то замони мо омада расидааст. Дар ҳавлӣ танӯр, оташдон, сохта тамоми истиқоматкунандагон истифода мебурданд. Ҳавлиҳо барои партовҳо хандақ доштаанд, ки аз дохили онҳо асбоби рӯзгор ва осори маданият ёфт шудаанд. Бинои чаҳорум 18 хонаро дар бар мегирад. Аз ин қисмат ибодатгоҳ, дош кашф гардиданд. Дар Саразм чаҳор давраи ҳаёт, ки ёдгориҳои он С-1, II, III, IV ном гирифтаанд, ошкор шуд.
Аҳолии Саразӣ асосан бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, инчунин косибӣ ва маъдангудозӣ (мис, тилло, қалъагӣ) машғул буд.
Мис ва қалъагиро даромехта табар, корд, ханҷари дудама, пайкон, чангаки моҳигирӣ, дарафш, сӯзан месохтанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст буд. Кулолони Саразм ба воситаи чархи кулолӣ коса, табақ, ҷом, пиёла, кӯза, хумча сохта, бо ранги сиёҳ,- қирмизӣ, сурх, гулобӣ, зардча оро медодаанд. Сокинони Саразӣ бо кишварҳои соҳили халиҷи Форс, баҳри Араб, дарёи Ҳинд ва Бадахшон робитаи тиҷоратӣ доштаанд, ки ашёи биринҷи (корд, ханҷар, табари дудама), сангҳои дастадори тарозу, зарфу гӯшмоҳиҳо, асбоби зебу зинатӣ (аз фируза, лоҷувард, ақиқ) ёфтшуда шоҳиди онанд. Дар байни аҳолии Саразӣ сохти авлодӣ ҳукмрон буд. Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум гардид, ки Саразм яке аз қадимтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда, бозёфтҳои он шаҳодат медтҳанд, ки аҷдоди то- ҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти мутараққӣ будаанд. Омӯзиши Саразӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Миёна саҳифаҳои наверо мекушояд.
Адабиёт: И с а к о в А. И., Раскопки в Саразме. «Археологические открытия, 1978», Москва, ‘1979; И с а к о в А., Саразм-поселение эпохи палеометалла в долине Зарафшана.— Археология Средней Азии и Ближнего Востока, II. Советско-американский симпозиум. Ташкент, 1983.
А. Исҳоқов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …