Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / САРАТОВ

САРАТОВ

САРАТОВ, шаҳрест дар Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, маркази вилояти Саратов. Бандари калони дарёӣ, узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Дар соҳили дарёи Волга вокеъ аст. Аҳолиаш 893 ҳазор нафар. (1984).

gorod-saratov
Саратов яке аз марказҳои саноатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР маркази муҳими мошинсозӣ мебошад. Дар солҳои баъдиҷангӣ махсусан истеҳсоли аппаратҳои электрӣ, асбобҳои ченкунӣ, мошинҳои рӯзгор, инчунин таҷҳизоти гуногун барои саноати бофандагӣ, чарму пойафзол, химия ва ғайра ривоҷ ёфт. Саноати кор- карди нефт, химия, масолеҳи бинокорӣ, шиша, хурокворӣ, саноати са- бук, полиграфӣ, инчунин заводи авиатсионӣ дорад. Базаи энергетикии шаҳр: Гидро Электоро Стансияи Саратов ва Тепло Электро Стансияҳо;
Саратов маркази калони маданият аст. Дар он 10 донишкадаи олӣ (аз ҷумла университет ва консерватория), 22 мактаби миёнаи махсус, Музеи кишваршиносӣ, Хона-музеи оилаи Уляновҳо, Музеи бадеӣ, Хона-музеи Н. Г. Чернышевский, 3 театр, сирк, филармония, театри лӯхтак ҳаст.
Саратовро соли 1590 бо мақсади аз ҳуҷуми кӯчманчиҳо муҳофизат намудани роҳи обии дарёи Волга ҳамчун шаҳр-қалъа бунёд намудаанд. Дар давраи ҷанги деҳқонон (1670-—1671) саратовиҳо шаҳрро ба отрядҳои С. Т. Разин су-пурда, ба онҳо фаъолона ёрӣ расонданд. Соли 1774 Саратовро қӯшунҳои Е. И. Пугачёв ишғол намуданд. Аз соли 1928 Саратов маркази киҳвари Волгаи Поён ва аз 1934 кишвари Саратов буд. Аз соли 1936— маркази вилояти Саратов.
Саратов зодгоҳи Н. Т. Чернышевский мебошад. Солҳои 1910—1913 дар ин ҷо оилаи Уляновҳо зиндагӣ кардааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …