Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРАТОН

САРАТОН

САРАТОН (харчанг), чангор, ҳазорреша, реши равон, боди хӯра, бодхӯра, омоси бадзоти бофтаҳои эпителӣ, яке аз бемориҳои хавфнок ва душвортабобат. Саратон аз қадимулайём маълум аст. Дар бораи ҷарроҳии омоси Саратон (асосан омоси Саратони рӯи пӯст) аз давраи то милод маълумот мавҷуданд. «Ал Қонун»-и Ибни Сино ҳам аз хусуси Саратони ҷигар, рӯдаҳои ғафс ва рост баҳс мекунад. Саратон дар ҳамаи узву бофтаҳое, ки ҳуҷайраҳои эпителӣ доранд (ҳалқум, меъда, шуш, сурхрӯда, гурда, пӯст ва ғайра) инкишоф ёфта мета- вонад.

bemor

Ҳуҷайраҳои Саратон аз ҳуҷайраҳои дигар бо хусусиятҳои ситогенезӣ (митози нодуруст, ихтилоли кариотип), иммунологӣ, биохимиявӣ (тағйири миқдору таркиби КДН — кислотаи дезоксирибонуклеат ва КРН — кислотаи рибонуклеат), электронию микроскопӣ (кам шудани миқдор ва содда гардидани сохти митохондрияҳо, ихтилоли кори мембрана) ва ғайра фарқ мекунад. Омоси Саратон зоҳиран занбӯруғшакл, харчангмонанд ва ғайра мешавад. Саратон баъзан дар қабати бофтаҳо ноаён инкишоф меёбад. Омоси Саратон аксар вақт тоқа мешавад ва мисли дигар омосҳои бадзот бофтаҳои гирду атрофро вайрон карда, ба узву бофтаҳои дигар реша меронад. Оид ба пайдоиши Саратон назарияи ягонаи қобили эътирофи умум вуҷуд надорад. Ҳамаи он сабабҳоеро, ки боиси омос мегарданд, ба Саратон низ нисбат додан мумкин аст. Саратон ногаҳон рӯй намедиҳад, барои инкишофи он чандин бемориҳои музмин, чун захми пӯст, реши меъда ва гарданаи бачадон, полипҳо, лейкоплакияи пардаҳои луобию пӯст ва ғайра заминаи мусоид мебошанд. Аломатҳои клиникии Саратон гуногун буда, ба синну соли бемор, ҷойгиршавию дараҷаи паҳншавии он ва ғайра вобастаанд. Беморӣ ноаён оғоз меёбад, минбаъд бемор хароб ва тез-тез монда мешавад, аз иштиҳо мемонад, месулфад, аз роҳи пешоб ва мақъад хун меравад. Мувофиқи маълумоти статистикӣ ҳар сол дар дунё ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 ҳазор кас 135—140 кас ба Саратон гирифтор мешаванд. Бемо- рӣ вобаста ба синну сол меафзояд. Масалан„ агар дар байни 100 ҳазор одамони то 30-оола 7—8 бемороли Саратон бошанд, дар байни одамони 40—49-сола шумораи онҳо ба 188 мерасад ва аз 60-сола боло 4 баробар зиёдтар мешавад. Инчунин муайян карда шудааст, ки дар мамлакатҳои мухталиф дар байни миллат ва халқҳои гуногун дараҷаи бо Саратон гирифтор шудан он ҳар хел аст. Масалан, японҳо нисбат ба европоиҳо ба Саратони меъда бештар гирифтор мешаванд. Саратони ғадуди шир) бошад, дар занҳои европоӣ нисбат ба занҳои Осиё зиёдтар паҳн шудааст. Халқҳои арзи ҷанубӣ ба Саратони пӯст бисёртар гирифтор мешаванд. Доир ба ташхис, пешгирӣ ва муолиҷаи Саратон нигаред, Омосҳо.
Адабиёт: Успехи в изучении рака, том 1—10, Москва., 1955—1971; Шабад Л. М., 0 циркуляции канцерогенов в окружающей среде, Москва., 1973; Р о ж к о в А. Т., Рака могло не быть, Москва, 1975.
Н. Шодмонхоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …