САРАНГИ, як яавъ асбоби мусиқии тордори ҳиндист, ки бо камонча менавозанд. Дастааш кӯтоҳ буда, онро аз чӯб месозанд. Ба рӯи косаи дарозрӯяаш пӯст мекашанд.
Саранги 3—4 тори асосӣ (яктоаш филизӣ, дутоаш зеҳ; дар квинта ва кварта ҷӯр мешавад) ва 14— 15 тори иловагии мансуб ба қаторовози диатоникӣ (барои акси садо) дорад, ки ба воситаи гӯшакҳои паҳлӯӣ ҷӯр мекунанд. Садояш паст, маҳину форам. Асосан дар шимоли Ҳиндустон маъмул буда, ба сифати сози якканавозӣ ва ансамблӣ истифода мешавад.