Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / САРАКОТ ИСЛОМ

САРАКОТ ИСЛОМ

САРАКОТ ИСЛОМ, шарикоти исломӣ, яке аз аввалин ташкилотҳои оммавии сиёсии Индонезия. Соли 1912 баъди пароканда шудани Иттифоқи тоҷирони мусулмон (таъсисаш 1911) ба вуҷуд омада, дар муборизаи зидди капитали хориҷӣ (асосан голландӣ) манфиати буржуазияи ташаккулёфтаистодаи тиҷоратӣ ва молиявии Индонезияро ифода мекард. Дар шароити Индонезиди мустамликавӣ оммаи халқ шиори Саракот ислом— муттаҳид намудани ҳамаи мусулмононро (аксарияти аҳолиро ташкил медоданд) ҳамчун шиори мубориза барои муттаҳидии тамоми халқи Индонезия дар муборизаи зидди империализм ҳисобид. Владимир Илич Ленин соли 1913 дар мақолаи «Бедоршавии Осиё» қайд карда буд, ки ҳаракати револютсионию демократӣ ҷазираи Яваро низ фаро гирифтааст. Ҷорикунандагони ин ҳаракати демократӣ оммаи халқ буда, дар байни онҳо таҳти байрақи ислом, ҳаракати миллатчигӣ сар шудааст. (Асарҳо ҷилди 19, саҳифаи 69—70). Саракот ислом дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914— 18) ва хусусан баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Россия ба ташкилоти ҳақиқатан оммавии револютсионию демократӣ табдил ёфт. Соли1919 шумораи аъзоёни он ба 2,5 миллион нафар расид. Саракот ислом дар ин давра муборизаро зидди ҳукмронии Голландия пурзӯр карда, буржуазияи миллӣ, синфи коргар, деҳқонон ва буржуазияи хурди шаҳрро дар бло- ки зиддиимпериадистӣ муттаҳид намуд. Кӯшиши қаноти рост, ки ме- хост дар Саракот ислом мавқеи роҳбарикунандаро соҳиб шавад, соли 1923 дар байни аъзоёни он ҷудоӣ ба амал овард. Партияи Коммунистии Индонезия тавонист як қатор сексияҳои Саракот исломро, ки манфиати деҳқонони камзамин, ҳунармандон ва камбағалони шаҳрро ифода мекарданд, ба тарафи худ ҷалб намояд. Ин сексияҳо худро Саракот исломи сурх, соли 1924 бошад, Саракот раият (Иттифоқи халқ) номиданд. Як қисми аъзоёни Саракот ислом таҳти роҳбарии буржуазия партияи буржуазӣ — Партияи Саракот ислом (Партияи Иттифоқи ислом)-ро ташкил карданд, ки аз соли 1929 Партияи Иттифоқи исломи Индонезия номида мешавад. Ин партия ва боз се партияи дигари исломӣ соли 1973 дар як Партияи Иттиҳод ва тараққӣ муттаҳид шуданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …