Маълумоти охирин

САРАХБОР

САРАХБОР оғози шӯъбаи якуми қисми овозии ҳар як мақоми «Шашмақом”. Сарахбори ҳар як мақом поми ҳамон мақомро мегирад: Сарахбори С.-и «Бузрук», Сарахбори С.-и «Рост», Сарахбори С.-и «Наво», Сарахбори «Дугоҳ», Сарахбори «Сегоҳ» ва Сарахбори «Ироқ». Системаи оҳангӣ ва овозии Сарахбориҳо хеле мураккаб буда, аз якчанд даромад ва авҷҳо иборат аст. Зарби Сарахбор ҳамеша 2/4 буда оҳангнокиаш дароз ва давомнок мебошад. Сарахбор дар шӯъбаҳо бо якчанд таронаи (ҳар шӯъба миқдори гуногуни таронаро дорост) нисбатан кӯтоҳ меояд, ки онҳо ба мавзӯъҳои аслӣ гузаштанро ифода мекунанд. Сарахбори «Бузрук», «Дутоҳ» ва «Ироқ» бо диез навохта мешаванд, ки дар натиҷа оҳанг форамтар мегардад. Сарахбори «Наво» бо бемол (Ь) иҷро мешавад. МатниСарахборҳо ғазалҳои шоиронӣ классик Рӯдакӣ, Анварӣ, Ҳофиз ва ғайра буда бо вазни рамал, музореъ муҷтас ва ҷадид меоянд. Матни таронаҳои Сарахбор асосан шеърҳои халқӣ мебошанд. Шӯъбаи якуми ҳар як мақоми «Шашмақом» ҷамъбасти мавзӯъҳои аслӣ (хониш) бошад, Сарахбор ҷамъбасти оҳангӣ ва мундариҷавии як шӯъба аст. Масалан., Сарахбори «Бузрук» аз мавзӯи мақоми «Бузрук» дарак медиҳад. Аз ин рӯ, шӯъбаи яқуми ҳар : мақом одатан бо Сарахбор сар шуда, бо супориши охирини ҳамон мақом ба охир мерасад. Мақоми «Дугоҳ» ғайр Сарахбор асоси дар охири шӯъбаи дуюми овозӣ Сарахбори «Оромиҷон» дорад , ки чун мавзӯи аслӣ амал менамояд (яъне асари мустақил ҳам ба ҳисоб мешавад). Сарахбориҳо аз ҷиҳати суръат ва усул суст буда ҳангоми шунидан ба шахс ҳаловат ва фараҳмандӣ мебахшанд. Сарахборро дар мусиқии имрӯза «увертюра» ҳам меноманд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …